Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар вилояти Хатлон аз боздошти як ҷавон хабар дод, ки гуфта мешавад, бо ваъдаи фиристодан ба Англия, аз сокинон пул гирифта, онҳоро фиреб додааст.
Пулиси Хатлон аз гумонбар Давлатбек Умаров ном бурда гуфтааст, ки ӯ сокини 29-солаи ноҳияи Кушониён аст.
Мақомот гуфтаанд, ки боздоштшуда бо роҳи фиреб аз сокинон бо баҳонаи фиристодан ба Англия то 15 ҳазор сомонӣ маблағ гирифта, аммо ба манфиати шаҳрвандон ҳеҷ кор анҷом надодааст.
Раёсати ВКД дар Хатлон навиштааст, ки номбурда дар 8 ҳолати қаллобӣ гумонбар буда, дар умум, бо роҳи фиреб беш аз 252 ҳазор сомонии сокинонро гирифтааст.
“Аз ҷумла аз Назаров Холмаҳмад, сокини ноҳияи Хуросон бо ваъдаи ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлати Британияи Кабир равон намудани писараш Назаров Азизулло ва ба даст овардани раводиди он давлат, 15000 сомонӣ гирифтааст. Дар дигар ҳолат, аз Олимов Муборакшо низ маблағи 15000 сомонӣ пули нақдро бо роҳи фиреб гирифтааст”, - омадааст дар хабари РВКД дар Хатлон
Ҳамчунин мақомот маълум кардаанд, ки Давлатбек Умаров дар шабакаҳои иҷтимоии “Ватсап” ва “Телеграмм”, саҳифа кушода аксу наворҳои хусусияти ғайриахлоқидоштаро ба дигарон ирсол кардааст.
Мақомот мегӯянд, алайҳи Давлатбек Умаров бо иттиҳоми қаллобӣ ва ғайриқонунӣ тайёр кардан ва муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ (моддаи 247, қисми 3 ва моддаи 241 қисми 3-и КҶ) парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шуда, тафтишот идома дорад.
Бар асоси иттиҳоми якум, ба боздоштшуда аз 68 ҳазору 400 сомонӣ то 109 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ё аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад. Мувоффиқи иттиҳоми дуюм ба гумонбар аз 6 то 10 соли зиндон ҷазо пешбинӣ шудааст.
Назари худи Давлатбек Умаров ва сокинони зарардида дар робита ба ин қазия дастрас нест.
Раёстаи ВКД дар вилояти Хатлон аз шаҳрвандон хостааст, ки агар мавриди фиреби Давлатбек Умаров қарор гирифта бошанд, метавонанд бо ариза ба пулиси маҳалли зисти худ муроҷиат кунанд.
Бояд гуфт, пас аз эҷоди монеаҳои зиёд барои кор ва муносибати хашини мақомот дар Русия, ки самти аслии муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон аст, сокинони барои муҳоҷирати корӣ ба кишварҳои ғарбӣ таваҷҷуҳи бештар доранд.
Аммо сафар ба ин кишварҳо, ки ҳақи бештар барои кор пардохт мекунанд, барои ҳама дастрас нест ва танҳо тавассути имтиҳону номнависи пешакӣ фиристода мешаванд. Аз ин лиҳоз, сокинон барои гузаштан аз имтиҳон ва номнавис, ба миёнаравҳо пул медиҳанд ва дар аксар ҳолат, фиреб мехуранд.
Ёдрас мешавем, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон борҳо аз боздошти онҳое хабар дода буданд, ки аз шаҳрвандон бо баҳонаи барои муҳоҷирати корӣ ба кишварҳои ғарбӣ фиристодан, пул гирифтаву баъдан фиреб додаанд. Аз ҷумла, чанде қабл пулиси Хатлон аз боздошти як марди 37-солаи сокини шаҳри Бохтар хабар дода буд, ки аз ҳар шаҳрванд бо ваъдаи ба Англия фиристодан беш аз 200 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати худ сарф намудааст.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста