Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи Парвиз Одинаев, ки ба азият ва куштори Хусрав Одинаев, писари 15-солааш гумонбар аст, оғоз кардааст.
Радиои Озодӣ навишт, ки мурофиаи Одинаев охири моҳи сентябр оғоз шуда, то ҳол ҳукм содир нашудааст. Парвиз Одинаев ба “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” ё моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ гумонбар буд, ба ӯ дар асоси ин модда аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Як манбаъ аз Додгоҳи олӣ имрӯз, 3-юми октябр ба “Азия-Плюс” гуфт, парвандаро Далер Холиқмуродзода, як додраси Додгоҳи олӣ баррасӣ мекунад. Аз ин ниҳод дигар ҷузъиёт надоданд ва танҳо ваъда карданд, ки дар мурофиаи охир, ки ҳукми додгоҳ содир мешавад, ба мо иҷозат медиҳанд, ки дар он ширкат кунем.
Марги Хусрав Одинаев аз дасти падараш ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод. Ин ҳодиса пас аз нашри наворе расонаӣ гардид. Дар он навор, ки зоҳиран аз сӯйи Парвиз Одинаев, падари Хусрав Одинаев сабт шудааст, дида мешавад, ки мард аз писараш тасдиқи дуздии 600 сомониро тақозо карда, бо ишораи нос кашидан ва дуздиаш ӯро таҳдид мекард.
Баъдтар, Вазорати корҳои дохилӣ бо нашри иттилое гуфт, рӯзи 26-уми июл мард фарзанди ноболиғи 15-солаашро барои дуздии 800 сомонӣ дар моҳи май ва 600 сомонии дигар дар аввали моҳи июл гунаҳкор дониста, барои ошкор ва иқрор намудан аз пойи писараш бо банд баста бо мошин кашола кардааст.
“Наврас дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар манзили истиқоматиаш ба ҳалокат расидааст”, - гуфт ВКД.
Дар бораи Парвиз Одинаев ва ҷузъиёти ин ҳодиса дар матлаби “Аз носкашиву арақнӯшиаш шикоят мекард”. Пайвандони наврасе, ки дар пайи шиканҷаи падараш ҷон дод, бархе ҷузъиёти ҳодисаро гуфтанд” маълумоти пештар пайдо кунед.
Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳодисаи куштори фарзандон аз сӯйи волидайн дар Тоҷикистон нест. Чанд моҳ қабл, Мадина Ҳалимова, зани 28-сола аз Фархор, худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Сурхоб андохт, ки танҳо худаш зинда монд. Ҳоло парвандаи ин зан дар баррасии Додгоҳи вилояти Хатлон қарор дорад.
Дар моҳи июн як зани 24-солаи сокини ноҳияи Қубодиён, 3 кӯдакашро бо корд захмӣ кард, ки дар пайи ин як кӯдаки хурдсоли ӯ фавтид. Ин зан бо қарори додгоҳ ба куштор гунаҳкор дониста шуда, ба 28 соли зиндон маҳкум гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста