Пулиси Душанбе аз боздошти як сокини 30-солаи пойтахт хабар дод, ки ба қаллобӣ дар хариду фурӯши хонаҳо ба шаҳрвандон гумонбар аст. Ба гуфтаи ин ниҳод, зараре, ки боздоштшуда ба шаҳрвандон расонидааст, зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, аз ӯ Сафиаллоҳ Амирзода ном бурда, гуфтааст, ки ӯ “бо ваъдаи бо манзили истиқоматӣ таъмин кардан, аз шаҳрвандон маблағҳои калон гирифтааст”.
“Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки агар мавриди фиреби Амирзода С., қарор гирифтаанд, тавассути рақамҳои 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд, - гуфтааст ин ниҳод.
Маълум нест, ки Сафиаллоҳ Амирзода худро ба ҳайси кӣ (роҳбар ё корманди ширкати сохтмонӣ) муаррифӣ карда, аз сокинон маблағ мегирифт.
Назари Сафиаллоҳ Амирзода дар робита ба ин қазия дастрас нест.

Ӯ дар пайи шикояти шаҳрвандон боздошт ва алайҳаш бо иттиҳоми “қаллобӣ дар ҳаҷми махсуан калон (моддаи 247 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Бар асоси ин иттиҳом, ба гумонбар аз ҷарима то 12 соли зиндон ҷазо таҳдид мекунад.
Дар як ҳафтаи охир ин дуввумин ҳодисаи боздошти як нафар бо гумони қаллобӣ зимни харидуфурӯши хона мебошад.
Рӯзи 14-уми октябр мақомот хабар дода буданд, ки як корманди ширкати сохтмонии “Ҷамол-Басир”, ки дар ҷустуҷӯ қарор дошт, бо гумони қаллобӣ дар ҳаҷми як миллион сомонӣ дар фурӯши хона боздошт шуд. Ин дуюмин корманди ин ширкат аст, ки бо гумони фиреби мардум боздошт мешавад. Қаблан роҳбари ин ширкат барои фурӯхтани як хона то ба 7 нафар дастгир шуда буд.
Бояд гуфт, сокинони пойтахт борҳо аз ширкатҳои сохтмонӣ шикоят кардаанд, ки бар хилофи шартнома хонаҳояшонро сари вақт намесозанд ва ё як хонаро ба чанд кас мефурӯшанд, ки боиси сарсониву саргардонии онҳо мешавад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста