Сокинони Тоҷикистон вақти хариди хона аз биноҳои навсохт бо чанд хавфҳо рӯбарӯ мешаванд. Аз ин чӣ гуна метавон пешгирӣ кард?
Шаҳрвандон боз бо кадом ҳолатҳо дучор мешаванд?
Бисёр вақт бо ҳолатҳои қаллобии ошкоро дучор шудан мумкин аст, яъне ширкати бинокор бидуни асосҳои воқеӣ ба садҳо нафар хона ваъда медиҳад. Ҳодисае дар Душанберо, ки садҳо нафар бе хона монданд, мисол овардан мумкин аст.
Дар баъзе ҳолатҳои дигар ширкати бинокор метавод ба сохтмони ғайриқонунӣ машғул бошад, яъне заминро худсарона гирифта, бидуни иҷоза хона созад. Соли 2024 дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт чунин ҳолат иттифоқ афтода буд.
Сохтмончиён метавонанд ба моликон ҳуҷҷати хонаро надиҳанд. Дар натиҷа сокинон наметавонанд шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият гиранд ва ба мушкилиҳои зиёд рӯбарӯ мешаванд.
Ва дар ниҳояти кор, ширкати бинокор метавонад пулро ҷамъ карда, лекин умуман ба хонасозӣ машғул нашавад.
Дар чунин ҳолатҳо чӣ кор метавон кард?
Мисолҳои маълум
Яке аз намунаҳои барҷаста ҳодисаи марбут бо ширкати “Хон 2009” мебошад, ки ба мизоҷони худ хонаҳои муосир дар бинои 18-ошёнаро ваъда дода, лекин сохтмони биноро ба охир нарасонид.
Баҳори соли 2024 даҳҳо оила аз интизории гирифтани хонаҳои нав хаста шуда, тасмим гирифтанд, ки ба хонаҳои бинои ҳоло сохтмонаш нотамом ворид мешаванд Сарфи назар аз набудани обу барқ ва лифт, одамон хонаҳоро каме таъмир ва дар онҳо маскун шуданд.
Пас аз арзу шикоятҳои хаттӣ ба додситонӣ ва ВКД Душанбе, инчунин нашри мавод дар ВАО, корҳои сохтмон дар бино бақарор шуданд. Бо вуҷуди ин, то ҳол ба соҳибмулкон иҷозаи зист дода нашуда, сохтмони худи бинои истиқоматӣ нотамом боқӣ мемонад.
Чунин ҳолатҳо пештар ҳам буданд, аз ҷумла аввали солҳои 2010-ум атрофи ширкатҳои “Муҳаммад 2009” ва “Муҳаммад 2014” нофаҳмиҳо сар зад. Онҳо аз садҳо нафар шаҳрвандон пул ҷамъ карда, ваъда доданд, ки дар Душанбе биноҳои истиқоматии баландошёна месозанд.
Лекин корҳо танҳо қисман ба иҷро расида, қисмате аз иншоот сохта нашуд. Дар натиҷа аксарияти саҳмдорон бе манзил ва бепул монданд.
Баъдан аъмоли раҳбарияти ширкатҳо мавриди тафтишот қарор гирифта, лекин пули шахсони саҳмдор баргардонида нашуд.
Боз як мисоли дигар - бинои сохтмонаш нотамом дар хиёбони Рӯдакӣ, ки дар он ширкати бинокор чандин сол аз соҳибони ояндаи манзил пул ҷамъ карда, аммо сохтмони бино дар сатҳи якчанд ошёна нотамом монд. Танҳо пас аз якчанд муроҷиат ба додситонӣ, ба ин масъала тавваҷуҳ зоҳир шуд, лекин одамон то ҳол хонаҳояшонро нагирифтаанд.
Ин мисолҳо бозгӯи онанд, ки эҳтимоли дучор шудан ба хавфҳо дар биноҳои навсохт хеле зиёд аст ва пешакӣ донистани чӣ гуна амал кардан муҳим мебошад.
Барои ҷазо додани чунин ширкат чӣ метавон кард?
Дар шартнома чист?
Пеш аз ҳама, шартномаро бодиққат омӯхтан лозим аст. Агар дар он муҳлати супурдани иншоот, инчунин масъулияти тарафҳо барои риоя накардани он зикр шуда бошанд, пас ин як далели ҷиддӣ ба фоидаи шумост. Мавҷуд будани бандҳо дар бораи ҷуброн - ҷарима, ки ширкат бояд барои таъхири муҳлат пардохт намояд, хеле муҳим аст.
Агар муҳлат гузашта бошаду лекин бино ба истифода дода нашавад, шумо комилан ҳуқуқ доред, ки ҷуброн талаб кунед.
Маслиҳат: мувофиқи имкон шартномаҳои қолабӣ имзо накунед. Онро худатон омӯзед ва аз ҳама беҳтараш аз ҳуқуқшинос машварат гиред, то ки ҳамаи бандҳои зарурӣ ба он илова шаванд. Ин бандҳо минбаъд ба шумо барои гирифтани ҷуброн дар сурати зарурат имкон медиҳанд.

Ба куҷо метавон арзу шикоят бурд?
Дар навбати аввал, бо худи ширкати бинокор. Бо онҳо на танҳо шифоҳӣ, балки хаттӣ низ гуфтушунид кунед. Даъвои хаттӣ таҳия намуда, фиристед. Минбаъд агар кор то додгоҳ расад, ин далел исботи поквиҷдонии шумо хоҳад шуд.
Баъдан ба мақомоти расмӣ муроҷиат кунед. Дар Тоҷикистон ба соҳаи назорат аз болои сохтмон Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҷумҳурӣ масъул аст. Ариза бо шарҳи вазъият ва нусхаҳои ҳамаи ҳуҷҷтаҳои мавҷударо метавон ба ин ҷо фиристод.
Ҳамчунин метавон ба мақомоти андоз муроҷиат кард, зеро баъзан дар ҷараёни санҷишҳо қонуншиканиҳои ҷиддии молиявӣ ошкор мешаванд, ки ба боздоштани фаъолияти бинокори бевиҷдон кумак мекунад.
Агар сари маҷмааи бузурги истиқоматӣ сухан равад, воситаи иловагӣ мақомоти ҳокимият: ҳукумат, кумитаҳои иҷроия буда метавонанд.
Дар сурати ошкор гардидани аломатҳои қаллобӣ, масалан пул ҷамъ шудаву корҳо ҳоло ҳатто оғоз нагардидаанд, ба додситонӣ муроҷиат кардан лозим аст.
Агар арзу шикоятҳо натиҷа надиҳанд чӣ?
Агар ин тадбирҳо натиҷа надиҳанд, пас додгоҳ боқӣ мемонад. Тариқ додгоҳ метавон:
- ҷубронро ситонид;
- зиёнро рӯйпӯш кард, ки бар асари таъхири муҳлат ба миён омадааст;
- қатъи шартнома ва баргардонидани маблағро талаб кард.
Маслиҳат: бо дигар ҷабрдигон муттаҳид гардида, арзу шикояти дастаҷамъона пешниҳод намоед. Агар мақомот тезтар расидагӣ кунанд, имкон ба таври назаррас зиёд мешавад.
Дар асл арзу шикоятҳои дастаҷамъонаи саҳмдорон дар Тоҷикистон бисёр вақт ягона тарзи фишор ба ширкати бинокор мешаванд. Вақте ки даҳҳо оила ба кор ҳамроҳ мешаванд, мушкил бештар самараноктар ҳаллу фасл мешавад.

Фишори расонаӣ (оммавӣ)
Фишори оммавӣ ё худ расонаиро ҳам набояд фаромӯш кард. Нигоштаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, навиштани ҳолат дар ВАО, муроҷиат ба блогерон ва фаъолон аз воситаҳое мебошанд, ки ба обрӯву нуфузи ширкати бинокор таъсир расонида, ӯро ба ҳалли мушкил водор мекунад.
Тайи солҳои ахир расонаӣ кардани ҳодиса дар якчанд ҳолатҳои пурсарусадо нақши калидӣ бозид. Масалан, пас аз нашри матлаб дар бораи вазъияти марбут ба ширкати “Хон 2009”, кор ҳарчанд дер бошад ҳам, дубора оғоз гардид.
Кадом ислоҳот метавонад вазъиятро дар Тоҷикистон беҳтар созад?
Таҳияи рӯйхати ягонаи ширкатҳои бинокор
Ҳамаи ширкатҳои сохтмон бояд дар феҳристи давлатӣ бо зикри таҷрибаи кор, лоиҳаҳои анҷомёфта, парвандаҳои додгоҳӣ ва ҳисоботи молиявӣ ба қайд гирифта шаванд. Саҳмггузорон ҳанӯз то имзои шартнома метавонанд бо вазъият ва фаъолияти пешина, обрӯву нуфузи ширкат шинос шуда, давлат метавонад зудтар ширкатҳои беэътимодро ошкор созад.
Кафолатҳои ҳатмии суғурта барои ширкатҳои бинокор
Ҳар як ширкати сохтмон бояд иншооти худро барои ҳолатҳои нотамом боқӣ мондан ё муфлисӣ суғурта кунад. Ин ҷиҳати ба таври худкор (автоматӣ) ҷуброн кардани як қисмате аз пулҳои саҳмдорон имкон медиҳад.

Тақвияти назорат аз ҷониби давлат
Мақомоти давлатӣ бояд майдонҳои сохтмонро мунтазам ҷиҳати мутобиқат ба ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ, интизоми меҳнат ва риояи меъёрҳои сохтмон мавриди санҷиш қарор диҳанд. Метавон низоми ҷаримабандӣ ва муваққатан боздоштани сохтмон барои риоя накардан ҷорӣ намуд.
Масалан, дар Русия ва Қазоқистон ҳар 6-12 моҳ санҷиши сохтмон сурат гирифта, зимни ошкор гардидани қонуншиканиҳо ширкати бинокор бояд зиёнро ҷуброн кунад.
Шаффофияти малағгузорӣ ба иншоот
Маблағи саҳмдорон бояд ба суратҳисоби ҷудогонае раванд, ки дар бонкҳо кушода шуда, аз ҷониби мақомоти давлатӣ назорат мешаванд. Танҳо пас аз тасдиқи маблағгузорӣ ба марҳилаи мушаххаси сохтмон, ба гирифтани пардохтҳои минбаъда иҷоза дода мешавад. Ин хавфи қаллобӣ ва нотамом боқӣ мондани иншоотро коҳиш медиҳад.
Дар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо чунин таҷриба “эскроу-суратҳисобҳо” номида шуда, пули саҳмдорон дар суратҳисоби махсус то иҷрои марҳилаҳои сохтмон шахшуда (беҳаракат) боқӣ мемонанд.
Нашри ҳатмии нақшаи сохтмон ва ҷадвали пардохтҳо
Ширкати бинокор бояд ҷадвали муфассали сохтмон, аз ҷумла муҳлатҳои ба истифода додани ошёнаҳо, хона ва иншооти зерсохтор (обу барқ, роҳ ва майдонҳо барои кӯдакон)-ро нашр кунад. Ин ба саҳмгузорон имкон медиҳад, ки ҷараёни сохтмонро пайгирӣ намуда, ба таъхирҳо саривақт расидагӣ кунанд.






