Додгоҳи олии Тоҷикистон Парвиз Одинаевро, ки моҳи июли соли равон, бо гумони азият ва куштори писари 15-солааш боздошт шуда буд, ба 25 соли зиндон маҳкум кардааст. Ду манбаъи аз ҳам ҷудо ба “Азия-Плюс” судури чунин ҳукмро тасдиқ карданд. Аммо мақомот расман иттилоъ надодаанд.

Як манбаъ аз Додгоҳи олӣ кӯтоҳ гуфт, ки “Парвиз Одинаев ба 25 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуд”.

Як манбаъи дигар аз пайвандони Парвиз Одинаев ҳам тасдиқ кард, ки ҳукми додгоҳ нисбати ин муттаҳам рӯзи 11-уми ноябри соли равон содир шудааст. Ба қавли ӯ, додситон барои Одинаев 27 соли зиндон талаб кардааст, аммо додрас бо ба инобат гирифтани фарзандони ноболиғи Одинаев, ӯро ба 25 соли зиндон маҳкум кардааст.

“Рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта мурофиа баргузор ва ҳукми ӯ (Парвиз Одинаев) содир шуд. Дар робита ба ҳукми додгоҳ гуфтем, ки розӣ нестем, аммо бенатиҷа буд. Хулосаҳояшонро хонданд. Ҳукмро дар асоси моддаҳои 104 (Одамкушӣ) ва 117 (Азобу уқубат)-и Кодекси ҷиноятӣ содир карданд. Мо шикояти кассатсионӣ намекунем. Худи Парвиз низ розӣ шуд. Ӯ гуфт, ягон шикоят надорад", - гуфт яке аз пайвандони П.Одинаев.

Қаблан як манбаъ аз Додгоҳи олӣ ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки парвандаи Парвиз Одинаевро Далер Холиқмуродзода, як додраси Додгоҳи олӣ баррасӣ мекунад. Талоши мо барои пайдо кардани ин додрас ва дастрас кардани шарҳи ӯ номуваффақ анҷомид.

Бояд гуфт, тобистони соли ҷорӣ, куштори Хусрав Одинаеви 15-сола аз дасти падараш Парвиз Одинаев ва паҳн шудани аксу наворҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи вокунишҳои ҷомеаро ба бор овард.

Дар наворҳои паҳншуда, ки зоҳиран аз сӯйи Парвиз Одинаев сабт шудааст, дида мешавад, ки мард аз писараш тасдиқи дуздии 600 сомониро тақозо карда, бо ишораи нос кашидан ва дуздиаш ӯро таҳдид мекард.

Он замон Вазорати корҳои дохилӣ дар пайи нашри навори шиканҷаи кӯдак бо нашри иттилое гуфт, рӯзи 26-уми июл мард фарзанди ноболиғи 15-солаашро барои дуздии 800 сомонӣ дар моҳи май ва 600 сомонии дигар гунаҳкор дониста, барои ошкор ва иқрор намудан аз пойи писараш бо банд баста бо мошин кашола кардааст. Дертар ин наврас дар хона даргузашт.

Қаблан, Файзиддин Одинаев, бародари Парвиз Одинаев, ба “Азия-Плюс” гуфт, Парвиз Одинаев дар мурофиаи додгоҳӣ аз кирдораш изҳори пушаймонӣ карда гуфтааст, ки “писарашро дӯст медошт ва танҳо барои тарбия кардан ӯро ҷазо додааст”.

Дар бораи Парвиз Одинаев ва ҷузъиёти ин ҳодиса дар матлаби “Аз носкашиву арақнӯшиаш шикоят мекард”. Пайвандони наврасе, ки дар пайи шиканҷаи падараш ҷон дод, бархе ҷузъиёти ҳодисаро гуфтанд” маълумоти пештар пайдо кунед.

Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳодисаи куштори фарзандон аз сӯйи волидайн дар Тоҷикистон нест. Чанд моҳ қабл, Мадина Ҳалимова, зани 28-сола аз Фархор, худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Сурхоб андохт, ки танҳо худаш зинда монд. Додгоҳи вилояти Хатлон ин занро ба куштор гунаҳкор ва ба муддати 20 сол равонаи зиндон кард.

Дар моҳи июн як зани 24-солаи сокини ноҳияи Қубодиён, 3 кӯдакашро бо корд захмӣ кард, ки дар пайи ин як кӯдаки хурдсоли ӯ фавтид. Ин зан бо қарори додгоҳ ба куштор гунаҳкор ва ба 28 соли зиндон маҳкум гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.