Пулиси Душанбе аз боздошти марде хабар дод, ки бо гумони парронидани ҳамкурсаш дар соли 2000-ум гумонбар аст ва тӯли ин солҳо дар хориҷ аз кишвар пинҳон мешуд.
Ин ниҳод аз ӯ Илёс Толиев ном бурда, гуфтааст, ки боздоштшуда ҳангоми таҳсил дар курси сеюми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ 14-уми декбари соли 2000-ум бо таппончаи тамғаи “Star” “бо эҳсоси худнамоӣ ба донишгоҳ омада ба сӯи ҳамдарсаш Ситора Кенҷаева тир холӣ кардааст”.
“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазинини ҷисмонӣ бардошта, муддати 25 сол аст, ки ранҷ мебарад”, - гуфтааст пулиси пойтахт.
Ба гуфтаи ин ниҳод, дар ин муддат Илёс Толиев бо мақсади “аз ҷавобгарии ҷиноятӣ гурехтан”дар хориҷ аз кишвар пинҳон шуда, дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Вале мақомот нагуфтаанд, ки ӯ дар кадом кишвар буд.

Гумонбар дар гузорише, ки мақомот сабт кардаанд, гуфтаҳои пулиси пойтахтро тасдиқ кардааст, вале маълум нест, ин навор таҳти чӣ шароите таҳия шудааст.
“Таппончаро гирифтам ва пахш намудам. Ногаҳон аз он тир холӣ кардам. Тири парондаи ман ба ҳамкурсам расид. Дар ин вақт ман бисёр тарсидам. Таппончаро гирифтаму аз синфхона гурехтам ва таппончаро ба дарёи “Душанбе” партофтам”, - гуфтааст гумонбаршаванда дар навори нашркардаи Раёсати ВКД дар Душанбе.
Назари гумонбар ва пайвандони ӯ ба расонаҳо дастрас нест.
Алайҳи Илёс Толиеви 45-сола мақомот бо се моддаи Кодекси ҷиноӣ – сӯиқасди ҷиноят (моддаи 32 қисми 3), одамкушӣ (моддаи 104 қисми 2 банди З) ва ғайриқонунӣ гирифта гаштани силоҳ (модаи 195 қисми 1) парванда боз кардаанд.
Солҳои охир мақомоти Тоҷикистон дар бораи боздошт ва ҳабси баъзе аз афроди муттаҳам ба содир кардани ҷиноят дар замони ҷанги дохилӣ гузоришҳо нашр мекунанд.
Аз ҷумла, моҳи январ Додгоҳи вилояти Хатлон як зодаи ноҳияи Ҷайҳунро барои одамкушӣ ва ташкили гурӯҳи ҷиноӣ дар солҳои 90-ум 15 сол равонаи зиндон кардааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста