Мақомот се ҷавонро бо гумони тамаъҷӯӣ ва дастдарозӣ ба номуси як духтар боздошт ва алайҳашон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Онҳо худро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, бо васли таҷҳизоти махсус дар мошини худ, ронандагонро боздошта, аз онҳо маблағ меситониданд.
Дар ин бора барномаи “Ахбори ВКД” иттилоъ дода, аз гумонбарон Олим Назаров, Каримӣ Муин Ҳамзазода ва Шаҳром Ятимов ном бурдааст, ки сокинони навоҳии Шоҳмансур ва Фирдавсӣ будаанд.
Ба иттилои манбаъ, Олим Назаров мошини “Toyota Camry”-ро ба иҷора гирифта, таҷҳизоти махсус, аз ҷумла “серена ва мигалка” насб карда, шабона бо ҳамдастонаш дар роҳҳои мошингарди берун аз шаҳр аз ронандагон маблағ меситонидааст.
“Роҳи Ҳисор мерафтем, ронандагонеро, ки қоидавайронкунӣ мекарданд ё дар ҳолати мастӣ мошин идора мекарданд, боздошта, маблағ меситонидем”, - гуфтааст Карими Муин Ҳамзазода дар навори ВКД.
Ба қавли мақомот, Олим Назаров ба номуси ҷавондухтаре бо таҳдиди ба мақомот дастрас намудан, дастдарозӣ кардааст.

Ба шарҳи манбаъ, гумонбарон духтарро дар сари фармони мошин манъ карда, бо сабаби надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ аз соҳиби мошин, ки дар паҳлӯяш менишастааст, 950 сомонӣ маблағ ситонидаанд.
Дар наворе, ки мақомот сабт кардааст, Олим Назаров нақл мекунад, ки вақте мошинро ба “диагностика” меорад, ронандаро бо мошинаш раҳо карда, духтарро таҷовуз мекунанд.
Маълум нест, ки ин навор таҳти кадом шароит сабт шудааст.
Манбаъ гуфтааст, гумонбарон дар як ҳолати дигар низ аз ронандае 1000 сомонӣ ситонидаанд. Гуфта мешавад, имкон дорад ин гурӯҳ дар дигар ҳолатҳои ҷинояти тамаъкорӣ низ даст дошта бошанд.
Мақомот мегӯяд, нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Аммо мақомот дақиқ нагуфтааст, ки нисбати онҳо бо кадом модда ва бо кадом ҷурм парванда ифтитоҳ кардааст.
Қаблан низ мақомот як мардро, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, аз сокинон пул мегирифт, боздошт карда буд. Ӯ сокини 31-солаи шаҳри Душанбе буд, ки худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, аз сокинони маблағ меситонид.
Мақомот нисбати боздоштшуда бо моддаҳои 247 қисми 3 (қаллобӣ) ва 244 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ (дуздӣ) парванда боз карда буд.





Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста