Як сокини 38-солаи ноҳияи Вахш бо гумони қаллобӣ ва ситонидани маблағ ва мошин аз сокинон боздошт шудааст. Ӯ худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, дар чанд ҳолат аз сокинони навоҳии Вахшу Ҷайҳун бо ваъдаҳои дурӯғин маблағҳои ҳангуфт ба даст овардааст.
Раёсати ВКД дар Хатлон аз ӯ Ғолибшоҳ Бурҳонов ном бурда, гуфтааст, ӯ аз моҳи март инҷониб ба ин кор машғул буд.
Аз ҷумла, ба иттилои мақомот, ӯ аз Ҳомид Миҳтоҷов ном сокини ноҳияи Вахш 10 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки тавассути шиносҳояш ӯро аз адои хизмати ҳарбӣ озод мекунад.
Манбаъ мегӯяд, ӯ ҳамчунин аз Далер Мирзоев ном сокини дигари ин ноҳия бо ваъдаи озод кардан аз пардохти ҷаримаи таъинкардаи додгоҳ 10 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Ба қавли РВКД дар Хатлон, Бурҳонов аз Далер Бозоров ном сокини дигари ин ноҳия низ, ки фарзанди маъюб доштааст, 1100 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки барои гирифтани нафақа ба фарзандаш мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, аз Муҳаммадамин Неъмонов, ки сокини ноҳияи Ҷайҳун будааст, автомашина гирифта, ваъда додааст, ки фурӯхта, маблағашро пардохт мекунад, аммо на маблағро ва на мошинро ба соҳибаш баргардонидааст.
Дар наворе, ки мақомот сабт кардааст, гумонбар кирдорҳои худро тасдиқ кардааст, аммо маълум нест, ки навор таҳти кадом шароит сабт шудааст.
Мақомот нисбати гумонбар бо иттиҳоми қаллобӣ (қисми 2-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноятӣ) парванда боз карда, тафтиши пешакӣ оғоз кардааст.
Ин банди қонун аз 27 ҳазору 375 то 68 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима ё ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян пешбинӣ мекунад.
Мақомот аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки агар аз Ғолибшоҳ Бурҳонов фиреб хӯрдаанд, ба шуъбаи пулиси маҳалли худ муроҷиат кунанд.
Назари боздоштшуда дар робита ба ин гуфтаҳои мақомот дастрас нест.
Бояд гуфт, ин дуввумин ҳодиса дар ҳафтаи охир аст, ки мақомот аз боздошти “пулисони қалбакӣ” иттилоъ медиҳад. Рӯзи 19-уми ноябр барномаи “Ахбори ВКД” аз боздошти се ҷавон бо гумони тамаъҷӯӣ ва дастдарозӣ ба номуси як духтар хабар дода буд.
Онҳо худро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, бо васли таҷҳизоти махсус дар мошини худ, ронандагонро боздошта, аз онҳо маблағ меситониданд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста