Мақомот алайҳи як марди 28-солаи сокини ноҳияи Айнӣ бо иттиҳоми ба худкуши расонидани занаш парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Гумонбар мунтазам шаъну шарафи ҳамсарашро паст зада, ӯро “ба фоҳишагӣ ва ҳамхобагӣ бо мардони бегона” айбдор мекардааст.
Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) бе зикри номи ҳарду ҷониб гуфтааст, ки гумонбар аз соли 2018 инҷониб “бо баҳонаи бо шахсони бегона муносибати маҳрамона дошта ва гӯё фоҳиша мебошад, дашномҳои кабеҳ медодааст”.
Ин ниҳод навиштааст, ки мард ахиран рӯзи 29-уми ноябри соли гузашта, “ҳамсари 26-солаашро дар хонаи зисташон мавриди латукӯб қарор додааст”.
“17-уми январи соли 2026, ҷабрдида тоқат карда натавониста бо мақсади худкушӣ бо корди хоҷагӣ як маротиба ба шикамаш зарба зада, суиқасди худкушӣ намуда, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст”, - омадааст дар хабари расмӣ.
Назари гумонбар ва ҳамсари ӯ дар робита ба ин қазия маълум нест. Мақомот дар хусуси вазъи саломатии зан ҳам иттилоъ надодаанд.
Мақомот алайҳи мард бо иттиҳоми “ба худкушӣ расондан” (моддаи 109, қисми 2-и КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ин банди қонунгузорӣ аз панҷ то ҳашт соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ҳодисаи латукӯбу куштори аз сӯйи шавҳаронашон дар пайи нофаҳмӣ дар Тоҷикистон бори аввал нест. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли гузашта додгоҳи вилояти Хатлон Чорӣ Қулиев, як сокини ин вилоятро барои бо барқ куштани ҳамсараш ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Ин ҳодиса рӯзи 20-уми августи соли 2025, дар пайи ҷанҷоли зану шавҳар бар сари баргузории тӯйи писарашон рух додааст.
Ҳамчунин, аввали моҳи январ мақомот як сокини 28-солаи деҳаи Ғеши ноҳияи Муъминободро бо гумони куштори ҳамсари собиқаш “дар заминаи хусумату рашк” дастгир карданд.
Дар Тоҷикистон омори алоҳидаи кушторм ё сӯиқасд ба куштори ҳамсарон аз дасти шавҳаронашон нест. Вале Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи феврал соли гузашта гуфта буд, ки соли гузашта 3 ҳазору 246 ҷиноят нисбати занону духтарон содир шудааст.
Тибқи иттилои ВКД дар кишвар дар шаш моҳи соли 2025 - 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон сабт шудааст. Маълум нест, ки дар ин миён чандто куштори ҳамсарон аст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста