Соли гузашта дар Тоҷикистон 177 ҳолати савдои одамон, аз ҷумла, 10 ҳолати хариду фурӯши кӯдак сабт шудааст. Дар робита ба ин ҳолатҳо, алайҳи 73 нафар 56 парвандаи ҷиноӣ (8 парванда вобаста ба савдои кӯдакон) боз шудааст.
Дар ин бора Хайриддин Илёсзода, сардори раёсати тафтишоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 13-уми феврал дар нишасти хабари иттилоъ дода, гуфт, тафтиши ду парванда идома дошта, дигар парвандаҳо барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудаанд.
Маълум нест, онҳое, ки парвандаҳояшон дар робита ба ҷинояти савдои одамон ба додгоҳ рафтааст, чӣ ҷазо гирифтаанд.
Қаблан дар гузориши ахири “Савдои одамон - 2025”, ки ҳукумати Амрико дар саҳифаи расмиаш нашр кард, гуфта мешуд, ки соли 2024 дар Тоҷикистон 57 парвандаи марбут ба савдои одамон боз шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2023-юм 3 ҳолат камтар будааст.
Бо вуҷуди ин, дар гузориш гуфта мешавад, ки нишондодҳои Тоҷикистон ба меъёри ҳаддиақал ҷавобгӯ нест, “аммо ин кишвар барои коҳишёбии фурӯши одамон кӯшиши зиёд карда истодааст”.
Ҳамчунин, дар гузориши мазкур зикр мешуд, ки мақомоти Тоҷикистон дар соли 2024-ум 272 ҷабрдидаи савдои одамонро муайян кардааст, ки 238 нафар ҷабрдидаи меҳнати маҷбурӣ ва 34 нафар ҷабрдидаи истисмори ҷинсӣ будаанд. Дар ҳамин ҳол, нишондоди ошкорсозии ҷабрдидагони савдои одам дар соли 2023 дар Тоҷикистон 47 нафарро ташкил медодааст.
Тибқи қонунгузории Тоҷикистон ба ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон, одамрабоӣ (бандҳои "б" ва "в", қисми 3, моддаи 130), хариду фурӯши одамон (моддаи 130(1), ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ (банди "б", қисми 3, моддаи 131), хариду фурӯши ноболиғон (моддаи 167), ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 3, моддаи 335), ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ (моддаи 335(2), тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат, штамп, муҳр (қисми 3, моддаи 339) ва ғайра дохил мешавад.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки мубориза бо қочоқи инсон ва решакан кардани ин зуҳурот аз авлавиятҳои кораш аст ва маҳз барои ҳамин аз соли 2005 то кунун Комиссияи байниидоравии мубориза бо хариду фурӯши одамон фаъолият мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста