Додгоҳи шаҳри Конибодом Баҳоваддин Баҳоваддинзода, муовини раиси ин шаҳр, ки ҳамзамон, раиси комиссияи манзили Конибодом аст, барои ба 22 кас ғайриқонунӣ тақсим кардани замини наздиҳавлигӣ 52 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима кардааст. Вале ӯ то ҳол дар вазифааш кор мекунад.
Дар бораи ҷаримаи Баҳоваддинзода дар варақаи иттилоотии Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд зикр мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи сохтакории ҳуҷҷатҳо аз сӯйи Баҳоваддинзода дар моҳи феврали соли 2023 ба 22 сокини Конибодом 512 метри мураббаъ замин “ғайриқонунӣ ҷудо гардидааст”.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Оҷонсӣ, муовини раис парвандаи сокинони воқеан эҳтиёҷманд ба заминро баррасӣ накарда, ҳуҷҷатҳои ин 22 нафарро бидуни гузаронидани маҷлиси Комиссияи шаҳри Конибодом, барои додани замини наздиҳавлигии якумраи меросӣ ба комисияи дахлдори болоӣ пешниҳод кардааст. Дар асоси пешниҳоди Баҳоваддин Баҳоваддинзода ба 22 тан замини наздиҳавлигии "ғайриқонунӣ" ҷудо гардидааст.
Мақомот дар робита ба ин қазия алайҳи Баҳоваддинзода ва як нафари дигар бо номи Н. Нозимзода, ки маълум нест, ӯ кӣ аст ва дар ин ҳодиса чӣ нақш дорад, бо се моддаи Кодекси ҷиноӣ - 314 қисми 1 (Сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 338 иловаи 1 қисми 2 бандҳои “б,в” (Ғайриқонунӣ додани қитъаи замин) ва 323 (Сохтакории хидматӣ) парванда боз кардаанд.

Додгоҳи Конибдом моҳи октябри Баҳоваддинзодаро 52 ҳазору 500 сомонӣ ва Нозимзодаро 45 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
Назари маҳкумшудаҳо дар робита ба ин ҳукми додгоҳ маълум нест. Вале аз ҳукумати Конибодом ба "Азия-Плюс" тасдиқ карданд, ки Баҳоваддинзода то ҳол дар вазифааш кор мекунад ва масъалаи барканории ӯ дар баррасӣ аст.
Сафар Салимзода, сардори Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд рӯзи 16-уми феврал дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки соли 2025 дар ҳукуматҳои шаҳру навоҳии вилоят ва зерсохторҳои он 83 ҷинояти вобаста ба фасод бо ширкати 28 нафар ошкор шудааст.
Қаблан, Абдусалом Тӯхтасунзода, раиси пешини Конибодом, баъди 4 соли дар мансаб буданаш барои “гирифтани пора” ва “қаллобӣ” гунаҳкор ва бо ҳукми додгоҳи ин шаҳр ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Якҷо бо Тӯхтасунзода, чанд мақомдори пешини шаҳри Конибодом низ боздошт шудаанд. Аммо онҳо мушаххасан ба кадом ҷурм муттаҳам мешаванд ва чӣ ҷазо гирифтанд, номаълум аст.
Ҳамин қадар маълум аст, ки ҳамаи онҳо, аз ҷумла раиси пешини шаҳр пас аз ташрифи гурӯҳи вижа ҷиҳати таҳқиқи кушторҳои пуровоза ва мармуз дар Конибодом давоми соли 2024 боздошт шудаанд.
Бояд гуфт, ки кушторҳои пайдарпай дар шаҳри Конибодом дар соли 2024 тамоми сол ҷомеаро дар таҳлука қарор дод. Аз моҳи марти соли 2024 то охири ин сол дар ин шаҳр 23 аъзои 7 оила кушта шуд. Баъди ин, Конибодом дар сархати расонаҳо қарор қарор гирифт.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста