Алайҳи ду корманди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар вилояти Хатлон бо гумони қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Яке аз онҳо дар боздошт буда, дуввумӣ, бо забонхат дар хусуси тарк накардани маҳалли зист дар озодӣ будааст.
Дар ин бора Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон имрӯз, 3-юми март хабар дода, аз гумонбарон Ҷ. Саидзода, навбатдори калони оперативии шуъбаи назорати таҳлилии РВКД дар Хатлон ва А. Раҳмонзода, ёрдамчии ҳамин шуъба ном бурдаааст.
Ба гуфтаи манбаъ, онҳо моҳи июни соли 2025 аз як нафар бо боҳонаи қатъ кардани парвандаи ҷинояӣ нисбати писараш 30 ҳазор сомонӣ гирифта, байни ҳам тақсим кардаанд.
Мақомот алайҳи онҳо бо иттиҳоми “қаллобӣ ба миқдори калон” (моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ) парвандаи ҷиноӣ оғоз ва барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол кардаанд. Ин банди қонунгузорӣ ҷарима ва аз 5 то 8 соли зиндон ҷазоро пешбинӣ мекунад.
Назари кормандони пулис дар робита ба ин қазия маълум нест. Аз Оҷонсӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, Саидзода дар боздошт буда, Раҳмонзода баъди гирифтани забонхат дар хусуси тарк накардани маҳалли зисташ дар озодӣ қарор доштааст.
Бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон аз боздошти мақомоти қудратӣ бо ҷурми қаллобӣ ва порахӯрӣ иттилоъ медиҳанд. Қаблан, низ дар бораи боздошти кормандони ниҳодҳои ВКД хабарҳо нашр шуда буд.
Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли 2025 ин ниҳод дар сохтори ВКД 89 парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ кардааст. Вале маълум нест дар доираи ин парвандаҳо чанд корманди ВКД муҷозот шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста