Қаллобии молиявӣ ба мушкили мубрами рӯз табдил ёфтааст, ки ҳар рӯз чандин нафар аз он шикоят мекунанд. Сокинон аз тасарруфи пулҳояшон хабар медиҳанд, мақомот эътироф мекунанд, ки ин навъи ҷиноят афзудааст. Кошиносон ва мутахассисон роҳҳои ҳифзи худ ва пули худро гуфтанд.

 

Эътирофи вазир

Соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 23 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 78 дарсади он қаллобӣ будааст. Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ зимни нишасти хабар иттилоъ дод.

Ӯ афзуд, қаллобӣ нисбат ба соли 2024 афзоиш ёфта, яке аз намудҳо муъмули он қаллобии молиявӣ аст, ки аз суратҳисобу ҳамёнҳои мобилии сокинон пул дуздида мешавад.

Раҳимзода гуфт, қаллобон одатан тавассути тамоси телефонӣ аз шаҳрвандон рамзҳои кортро мепурсанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи онҳо тасарруфи маблағ аз суратҳисоби корти бонкӣ аст.

“Қаллобон барои ҷалби шаҳрвандон ба беҳтар намудани сифати интернет ва истифодаи шабакаи 5G ба онҳо паёмакҳо мефиристанд ва бо баҳонаи фаъолсозии хидматрасонӣ рамз талаб мекунанд. Ба чунин паёмакҳо бовар кардан мумкин нест, зеро онҳо барои тасарруфи маблағ сохта шудаанд”, - баён дошт вазир.

 

Рамазон Раҳимзода
Акс аз "Азия-Плюс"

Шаҳрвандон чӣ гуна ба доми қаллобон меафтанд?

Ин дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрвандон аз тасарруфи пулашон тариқи кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ шикоят мекунанд.

Диловар Суфиев, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, як нафар ба ӯ занг зада, худро корманди бонк муаррифӣ кард ва гуфт, ки дар корташ амалиёти шубҳанок дида шудааст ва бояд онро бонк муҳофизат кунад. Барои бекор кардани амалиёт рамз талаб кардааст.

“Фикр кардам воқеан ҳам корманди бонк аст ва рамзро гуфтам. Пас аз чанд сония ба телефонам паём омад, ки аз кортам пул гирифта шудааст. Ҳамин вақт пай бурдам, ки ба доми қаллобон афтодам. Вақте дубора занг задам, он рақам хомӯш буд”, - гуфт Диловар.

Марям Давлатова, равоншиноси тоҷик низ дар саҳифаи фейсбукаш аз дуздии пули корти бонкиаш хабар дода, гуфтааст, ки қаллобон худро аз ширкати Тселл муаррифӣ карда, гуфтаанд, ки онҳо ба барномаи 5G гузаштаанд ва бояд ин барномаро дар телефонаш насб кунад.

“Мо қариб ду соат сарф карда, ҳамаи замимаҳоро аз нав дида баромадем. Баъд телефон якбора парид. Аз соати ду дирӯз то 10 онро барқарор карда натавонистам. Ҳозир як шогирди ҳунарманд онро комилан барқарор кард, вале аз кортам пулро рабудаанд”, - навишт ӯ.

 

Марям Давлатова
Намогирифт

Давлатова навишт, ки ба “Алиф-бонк” дархост гузошт, ки ба мушкилаш расидагӣ шавад, аммо посухи ин бонк ин будааст, ки “дар ин маврид кореро анҷом дода наметавонад ва ҳоло масъул низ нест”. Дертар ӯ хабар дод, ки ба Раёсти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ муроҷиат кардааст вҷа онҳо “масъаларо зери назорат гирифтаанд”.

Аммо дар ҳарду ҳолат ҳам натиҷаи муроҷиат ба мақомоти тафтишотӣ номаълум аст.

 

Ҳушдори мақомот

Бояд гуфт, мақомоти кишвар, аз ҷумла, Бонки миллии Тоҷикистон, Хадамоти алоқа, ширкатҳои мобилӣ ва мақомоти тафтишотиву назоратӣ борҳо ба сокинон ҳушдор додаанд, ки ба доми фиреби қаллобон наафтанд, вале бо вуҷуди ин шаҳрвандон ба фиреби қаллобон дода мешаванд.

Ин ниҳодҳои давлатӣ борҳо ба шаҳрвандон гуфтаанд, ки ба зангҳо ва паёмакҳои шубҳанок ҷавоб надиҳанд, истинодҳои шубҳанок, аз ҷумла дар Telegram ва дигар паёмрасонҳоро боз накунанд, барномаҳои номаълумро насб накунанд ва телефонашонро ба бегонагон надиҳанд.

“Агар ба шумо аз рақамҳои номаълум занг зада, чунин маълумот талаб кунанд, суҳбатро фавран қатъ кунед. Дар ҳамон ҳолат ба рақами расмии ширкати мобилӣ ё бонки худ мустақиман занг занед ва маълумотро санҷед”, - ҳушдор додааст Хадамоти алоқа.

 

Asia-Plus

Омилҳо ва тарзи ҳифзи амнияти молиявӣ

Ба гуфтаи мутахассисон, на ҳама корбарон тарзи дурусти истифодаи барномаҳои бонкӣ ва қоидаҳои амнияти рақамиро медонанд ва ин боис мешавад, ки ҳар нафаре худро корманди бонк муаррифӣ кунад, бечунучаро бо он бовар кунанд.

Рустам Гулов, коршиноси фановариҳои навин мегӯяд, пеш аз ҳама муҳим аст, ки ҳар як шахс маълумоти техникии худро ҳифз карда тавонад. Ба гуфтаи ӯ, барои ин метавон аз барномаҳои махсус, мисли верификаторҳо, менеҷерҳои гузарвожа ва барномаҳои рамзгузорӣ истифода бурд, чун ин барномаҳо метавонанд гузарвожа ва дигар маълумоти муҳимро дар ҷои махфӣ нигоҳ доранд.

“Мутаассифона, баъзе нафарон рақами корти бонкӣ ва гузарвожаи худро дар Телеграм ё дигар шабакаҳои иҷтимоӣ нигоҳ медоранд, ки ин хеле хатарнок аст. Агар ҳисоби онҳо шикаста шавад, қаллобон метавонанд ба тамоми маълумоти шахсӣ ва молиявии онҳо дастрасӣ пайдо намоянд”, - зикр кард ин коршинос.

Гулов мегӯяд, агар касе ҳам худро корманди бонк гӯяд, ба ӯ маълумотибонкиро додан дуруст нест, зеро кормандони бонк одатан чунин маълумотро талаб намекунанд.

 

Рустам Гулов
Акс аз саҳифаи фейсбуки Р.Гулов

Хуршед Қурбоншоев, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, дар ҳолати дучор шудан ба қаллобии интернетӣ шаҳрвандон бояд якчанд чораҳои аввалиндараҷаро риоя намоянд:

- фавран бо бонк тамос гиранд, корт ё ҳамёни электрониро муваққатан блок кунанд.

- гузарвожаҳои дастрасӣ ба барномаҳои бонкӣ ва почтаи электрониро иваз кунанд.

- ҳамаи далелҳоро аз ҷумла, намогирифтҳо, паёмҳо, рақамҳои телефон ё сомонаҳое, ки аз ҷониби қаллобон истифода шудаанд, нигоҳ доранд.

- ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунанд, зеро чунин амалҳо тибқи қонун ҷинояти қаллобӣ ҳисобида мешаванд.

 

Дропҳо – василаи нави қаллобӣ

Мутахассисон мегӯянд, қаллобон бештар аз хориҷи кишвар пули шаҳрвандони Тоҷикистонро ғорат мекунанд, аммо баъзан дар Тоҷикистон ҳам шарик доранд.

 

Гуланор Атобек

“Бештари қаллобон берун аз Тоҷикистон қарор доранд ва онҳо шахсонеро, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, фиреб дода, ҳатто ҳамдасти корҳои худ мекунанд. Қаллобон метавонанд онҳое, ки ба домашон афтода, маълумоти корташонро гирифтаанд, истифода баранд”,- мегӯяд Гуланор Атобек, роҳбари “Алиф-бонк”.

Ӯ таъкид мекунад, ки шарикони ҷинояти қаллобиро дроп мегӯянд, ки ба як мушкили аслӣ табдил ёфтааст.

“Тибқи қонунгузории Тоҷикистон оне дроп аст ва ҳамён, корт ё суратҳисобашро фурӯхтааст, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, яъне ӯ ҳамдасти қаллоб ҳисобида мешавад”, - афзуд Гуланор Атобек.

Дар баъзе ҳолат шарикони ҷиноят аз ҷиноят бехабар мемонанд, аммо ин онҳоро аз ҷавобгарӣ озод намекунад.

 

Уҳдадориҳои бонкҳо ва шаҳрвандон

Коршиносон бар онанд, ки ҳангоми рӯ ба рӯ шудан ба ҳолатҳои қаллобии молиявӣ бонкҳо ва шаҳрвандон дар назди ҳам масъулият ва уҳдадориҳои мушаххас доранд.

Хуршед Қурбоншоев, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ки барои ҳифзи амнияти молиявӣ аз қаллобон тибқи моддаи 48 Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” бонкҳо уҳдадоранд, сирри бонкӣ ва маълумоти муштариёнро ҳифз ва махфияти маълумоти бонкӣ ва шахсии муштариёнро таъмин кунанд.

Аз ҷумла, аз низомҳои муосири амнияти рақамӣ (рамзгузорӣ, аутентификатсия, мониторинги амалиётҳо) истифода ва дар ҳолати ошкор шудани амалиёти шубҳанок муштариро фавран огоҳ намоянд. Ҳамзамон барои пешгирии дастрасии ғайриқонунӣ ба маълумоти молиявӣ ва шахсии мизоҷ чораҳои техникӣ ва ҳуқуқӣ андешанд.

 

Хуршед Қурбоншоев

Ӯ мефзояд, ки дар сурати расидани зарар, шаҳрванд метавонад тибқи моддаи 14 Кодекси мадании Тоҷикистон ҷуброн талаб кунад ва мутобиқи моддаи 19 Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои худ ба додгоҳ муроҷиат кунад.

“Ҳифзи амнияти молиявӣ ва шахсӣ танҳо бар дӯши бонкҳо набуда, ҳамзамон уҳдадории шаҳрвандон низ ҳаст. Онҳо уҳдадоранд маълумоти шахсӣ, рақами корт, смс-код, SVV-код ва воситаҳои воридшавӣ ба маълумотҳои бонкиро ба шахсони бегона ифшо накунанд”, - гуфт Қурбоншоев.

 

Чӣ гуна мубориза бояд бурд?

Коршиносон таъкид мекунад, ки яке аз воситаҳои муҳими мубориза бо қаллобон рушди тафаккури интиқодӣ аст.

“Масалан, агар шахси шинос ба шумо нависад ва чизе хоҳиш кунад, ки пештар чунин корро накарда буд ё ин кор ба рафтори ӯ хос нест, бояд аз эҳтиёт кор гирифт, ки ин воқеан ҳам ҳамон шахс аст ё не?. Ё ҳар нафаре, аз шумо иҷрои ягон амалро талаб кунад ё фоидаи калони молиявӣ ваъда диҳад, беҳтар аст аввал онро зери шубҳа қарор диҳед ва санҷед”,-гуфт Рустам Гулов.

Ба таъкиди Гулов, тафаккури интиқодӣ пеш аз ҳама воситаи ҳимояи шахс аз фиреб ва қаллобӣ аст. Агар инсон онро рушд диҳад, метавонад худро аз чунин хатарҳо муҳофизат кунад.

Мақомоти масъули давлатӣ ҳам ба ин нукта ишора мекунанд, ки бояд эҳтиёткор буд, маълумоти бонкӣ ва шахсии худро бояд ҳифз кард, ба касе набояд дод ва дар ҳолати зарурӣ, дарҳол ба мақомот  бояд муроҷиат кард.

Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки сарфи назар аз ҳушдори мақомот, боз нафарони зиёд қурбони қаллобон мешавад ва зарарӣ молиявӣ мебинанд.

Бо назардошти ин, ҳам коршиносон ва ҳам мақомот ба нақши ҳар як сокин дар мубориза бо қаллобӣ таъкид мекунанд ва онро муҳим медонанд. Ва огоҳ мекунанд, ки ҳар маълумоте, ки аз шахсони номаълум ё ҳатто нафарони шинос меояд, бояд бо истифода аз тафаккури интиқодӣ санҷида шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.