Мақомот як сокини вилояти Суғдро бо иттиҳоми сохтани муҳри қалбакии кормандони гумрук ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида, беш аз 10 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
Дар ин бора, рӯзи 17-уми март Эраҷ Давлатов, сардори шуъбаи мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, аз ин шахс Наимҷон Эркинов ном бурд, ки ронандаи мошини боркаш будааст.
Ба иттилои манбаъ, ӯ ҳангоми содироти маҳсулот ба хориҷа, мӯҳри кормандони гумрукро нусхабардорӣ ва дар Русия муҳри қалбакиро омода кардааст.
Манбаъ афзуд, номбурда муҳри қалбакиро ҳангоми убури сарҳади гумрукӣ дар ҳуҷҷатҳои худ истифода мебурд ва бидуни навбат ва пеш аз вақти муайяншуда бор ва мошини худро аз сарҳад интиқол медод.

Мақомот баъди ошкор шудани ин кирдори Эркинов, нисбати ӯ бо иттиҳоми сохтакории мӯҳр (моддаи 340, қисми 2, Кодекси ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноӣ боз карда, барои баррасӣ ба Додситонии ноҳияи Мастчоҳ ирсол кардааст.
Аммо маълум нест, ки ин амали ӯ кай ва дар кадом шароит ошкор шудааст.
Аз Додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ, ки парванда баъди баррасӣ ба ин идора ворид шудааст, ба мо гуфтанд, Наимбой Эркинов бо ҳукми додгоҳ 10 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима шудааст.
Бояд гуфт, ба иттилои Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, давоми соли 2025 дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 1719 қонуншиканӣ ошкор шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2024-ум 385 ҳолат зиёд аст. Ҳамчунин, соли гузашта 26 ҷиноят дар ин самт ошкор шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста