Пулиси Душанбе мегӯяд, аз сӯйи мақомоти зертобеаш ду ҳолати фурӯши доруҳои психотропӣ дар пойтахт ошкор шудааст.
Ба навиштаи ин ниҳод, кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ҳолати ба фурӯш гузоштани доруи психотропии “Прегабалин” ба истилоҳ “Лирика”-ро ошкор кардаанд.
“Зимни ба фурӯш баровардани чунин дорӯҳои сахттаъсир шаҳрвандон Сайдалиев Ҳадятулло, сокини 24-солаи шаҳри Душанбе ва Юлдошов Муҳаймин, сокини 18-солаи пойтахтро дастгир намуданд. Дар натиҷаи кофтуков аз номбурдагон дар умум 2-ҳазору 745 адад капсулаҳои “Прегабалин” дарёфт ва мусодира карда шуданд”, - навиштааст пулиси пойтахт.
Дар робита ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 128 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудаанд.

Ҳамчунин, пулис аз шаҳрвандон хостааст, ки бо мақсади таъмини солимии ҷомеа ва барои пурра аз байн бурдани ин омили номатлуб ба мақомоти милитсия мусоидат намоянд.
Бояд гуфт, ки “Прегабалин” ва ё “Лирика” доруест, ки таъсири зиддикашиш, зидди изтироб ва дарди шадид буда, он аз ҷониби асабшиносон ва равонпизишкон танҳо пас аз ташхис ва бо дорухат тавсия дода мешавад. Аммо ин навъи доруҳо баъзан аз ҷониби афроде, ки ба моддаҳои гуногуни вобаста ба асаб вобастаанд, харидорӣ мешавад. Он метавонад истифодабарандаро мадҳуш кунад ва ё барои муддате аз ҳолати изтироб берун кунад, аммо бидуни тавсия духтур ва барои муддати дароз истифода кардани он, таъсири манфӣ дорад ва касро муътод мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста