Душанбе. 12 апрел. «Азия-Плюс» - | Дар бинои марказии ҳукумати Точикистон 11 апрел машварати дуввуми сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гашт.
Тавре ба «АП» дар департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷаи кишвар хабар доданд, ҳайати расмии Тоҷикистонро дар машварат вазири умури хориҷа Ҳамрохон Зарифӣ раҳбарӣ кард. Дар ҳайат инчунин намояндагони мақомоти дахлдори давлат шомил буданд.
Ҳайати расмии ИМА ро муовини котиби давлатии Амрико Роберт Блейк раҳбарӣ кард. Сафири ИМА дар ҶТ, намояндагони вазорати мудофиаи ИМА, USAID ва дигарон ба хайати Амрико шомил буданд.
Зимни гуфтушунид масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, иқтисод ва савдо, ислоҳоти бахши хоҷагии қишлоқ, таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ, гидроэнергетика, вазъи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла озодии ВАО, дин ва мазҳаб, вазъи Афғонистон, амнияти марзӣ, мубориза бо маводи мухаддар ва тероризми байналхалқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
«Масъалаи рушди инфрасохтор ва лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт, инчунин лоиҳаҳои энергетикие, ки муштарак бо дигар давлатҳо таҳия шудаанд, алалхусус лоиҳаи CASA – 1000 баррасӣ шуданд», хабар доданд дар Вазорати умури хориҷа.
«Ҷонибҳо зикр намуданд, ки рушди муносибати дарозмуддат, пойдор ва дӯстона миёни Тоҷикистону ИМА ба манфиати ҳар ду давлат равона шуда барои рушд ва мустаҳкамнамоии сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат мекунад», қайд кард намояндаи вазорат.
Ҳамрохон Зарифӣ аз ҷамъбасти машварат изҳори розигӣ намуда чунин шакли машварати дуҷонибаро барои мавқеъгирӣ ва дурнамои вазъи муносибати дуҷониба, муайян намудани роҳҳои минбаъдаи рушди он қуллай унвон кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста