Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Гурўҳи махсуси иттилоотӣ доир ба масоили оби Комиссияи Миллии Ассамблеяи Фаронса оид ба корҳои хориҷиро бо роҳбарии Леонел Люка ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот мушкилоти вобаста ба об дар минтақа ва ҷаҳон ва роҳҳои истифодаи босамар аз захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.
Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, «Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ягон лоиҳаеро бар зиёни ҳамсоягони худ амалӣ нахоҳад кард ва мо ҳамеша омодаи муколама ва ҳамкорӣ мебошем».
Бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои обии Тоҷикистон, ки имрўз дар ҷаҳон ба нафъи мардуми кулли сайёра босамар татбиқ мегарданд, изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ баҳсу мунозираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳаллу фаслу худро меёбанд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба паҳлўҳои дигари авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва мавзўъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ гуфтугўи судманд сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста