Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 25-26-уми июни соли равон дар кори Конфронси байнулмилалии Теҳрон оид ба масоили муборизаи глобалӣ бо терроризми ҷаҳонӣ, ки бо ташаббуси президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод доир мегардад, ширкат хоҳад варзид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огоҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар чаҳорчӯби сафари худ ба Теҳрон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор ҳайатҳои кишварҳое, ки дар конфронс иштирок мекунанд, мулоқотҳои дуҷониба анҷом хоҳад дод.
Интизор меравад, ки зимни суханронии худ дар конфронс президенти Тоҷикистон ба масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва ҳалли мушкилоти вазъи кунунии Афғонистон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста