Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Зимни шарҳи натоиҷи интишоршудаи рейтинги кишварҳои ноком аз ҷониби «Бунёди Сулҳ» (Fund for Peace) ва маҷаллаи «Сиёсати байнулмилалӣ» (Foreign Policy), ки Тоҷикистонро ба сафи кишварҳои ноком шомил кардаанд, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров изҳор дошт, ки ба хулосаҳои он мувофиқ нест.
Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон ва ҳамчунин Ӯзбекистонро чун кишварҳои ноком арзёбӣ кардан қобили қабул нест, зеро ин кишварҳо дар ҷанбаҳои гуногун дар ҳоли рушд қарор дошта, масоили зиёди сиёсӣ ва иқтисодии худро муваффақона ҳал мекунанд. «Ба ҳар ҳол, дар кишвари мо низоми бисёрҳизбӣ фаъолият дошта, иттиҳодияҳо амал мекунанд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳоли ташаккул аст», - гуфт ӯ.
Ғайр аз ин, коршинос бар ин назар аст, ки таҳиягарони рейтинг тарзу усулҳои ба худ хоси баҳодиҳӣ ба ин ё он кишварро доранд ва усулҳои онҳо метавонанд масоилеро фаро гиранд, ки дар ҷомеаи мо ба он чандон таваҷҷӯҳ зоҳир намесозанд, вале он барои онҳо асосиву арзанда арзёбӣ мегардад. «Ин ҷо менталитет ва дарки «комёб»-у «ноком» гуногун аст», - мегӯяд С.Сафаров.
Ба сифати яке аз комёбиҳои Тоҷикистон С.Сафаров раванди истиқрори сулҳ дар Тоҷикистонро мисол меорад. «Миёни аксари кишварҳои африқоиву аврупоӣ ва Афғонистон, ки ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуданд, мо комёбтарем, зеро ба истиқрори сулҳ миёни мухолифин ва ҳукумат ноил гардида, пеши роҳи ҷанги бародаркушро гирифтем», - иброз дошт вай.
Соли гузашта мавқеъи Тоҷикистон нисбатан бадтар буд, яъне як зинаи поин - мақоми 38-умро ишғол мекард. Дар робита ба ин коршинос чунин ибрози андеша намуд: «Мақоми соли гузаштаи Тоҷикистон дар ин рейтинг шояд дуруст бошад, зеро соли гузашта дар кишвари мо рӯйдодҳои мушаххасе ба вуқӯъ пайваста буданд, ки инро касе инкор намекунад. Соли равон бошад, мо як зина боло рафтем. Соли равон мо саркардагони қочоқбарони маводи нашъавоар ва ҷинояткоронро нобуд хоҳем кард. Масалан, чанде қабл як маҳбуси фирории тавқифгоҳи КДАМ кушта ва дигарӣ боздошт шуд ва фикр мекунам, ки ин хабари хушест барои аҳолии ҷумҳурӣ», - афзуд С.Сафаров.
Ёдрас мекунем, ки аввали ҳафтаи равон «Бунёди Сулҳ» (Fund for Peace) ва маҷаллаи «Сиёсати байнулмилалӣ» рейтинги кишварҳои нокомро интишор карданд, ки Тоҷикистон низ дар радифи ин кишварҳо қарор гирифтааст. Дар рейтинг бо назардошти 12 масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъии давлатҳо ва ҳамчунин то чӣ андоза судовар будани фаъолияти ҳукуматҳо ба вазъи 177 кишвари ҷаҳон баҳо дода шудааст. Дар рейтинги имсола Тоҷикистон дар мақоми 39 қарор гирифтааст, ки аз Ӯзбакистон як зина ва аз Қирғизистон ду зина болотар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста