Душанбе. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кен Гроссро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.
Гуфтугўи судманд, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию байналмилалӣ, авзои кунунии Афғонистон, мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар ин кишвар, таҳкими ҳифзи сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Холид Усмон Қайсарро бинобар сабаби анҷом ёфтани мўҳлати фаъолияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот доир ба масоили кунунӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Покистон гуфтугў сурат гирифт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти сесолаи Холид Усмон Қайсар ба ҳайси сафири Покистон дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки корҳои дар ин муддат оғозёфта ба анҷоми мантиқии худ расонда мешаванд.
Бо ишора ба имкону захираҳои фаровон ба густариши бесобиқаи ҳамкории судманди дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, илму фарҳанг ва муборизаи муштарак бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир изҳори боварӣ карда шуд.
Гуфтугўи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Покистону Афғонистон ва чорҷонибаи Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия сурат гирифт. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоиши сеюми сарони давлатҳои Чоргонаи Душанбе - Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия, ки моҳи сентябри соли равон дар Тоҷикистон баргузор мегардад, ба ин раванд такони ҷиддӣ мебахшад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста