Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Миёни сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай сӯҳбати телефонӣ доир гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти президенти ҷумҳурӣ хабар доданд, сарвари давлати Тоҷикистон бори дигар бинобар қатли бародараш ба президенти Афғонистон ва тамоми мардуми кишвари ҳамҷавор изҳори ҳамдардӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бори дигар таъкид сохт, ки Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори Афғонистон дар муборизаи беамон алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ омода аст.
Сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунин перомуни масоили дигари мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн табодули афкор намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста