Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Нимаи аввали имрӯз вазири корҳои хориҷии Афғонистон Залмай Расул ба шаҳри Душанбе ташриф меорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев хабар дод, имрӯз вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Залмай Расул баргузор мешавад. «Дар мулоқот баррасии маҷмӯи васеъи масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, амният, маориф ва тандурустӣ дар назар аст», - гуфт ӯ.
Бино ба гуфтаи Д. Назриев, дар доираи сафари вазири корҳои хориҷии Афғонистон ҳамчунин гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров низ ба нақша гирифта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста