Душанбе. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — |Дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Залмай Расул баргузор шуд.
Зимни сӯҳбати хосса ва мулоқот бо иштироки ҳайатҳои расмӣ, ки дар фазои дӯстона ҷараён гирифт, масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳои байни ду кишвари бародар ва ҳамсояи Тоҷикистону Афғонистон, инчунин масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафҳо ҳамаҷониба баррасӣ шуданд.
Дар рафти гуфтушунид Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон омодагии кишвари худро ҷиҳати дар сатҳи олӣ баргузор намудани Вохӯрии сарони кишварҳои чоргонаи Афғонистон, Покистон, Россия ва Тоҷикистон иброз намуд. Вобаста ба ин ҷонибҳо бар он буданд, ки масъалаҳои мубрами сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва омӯзишии байни чор кишвар ба манзури ба эътидол овардани вазъият дар Афғонистон ва рушду такомули минбаъдаи иқтисоди он мавриди баррасии чоргона хоҳанд буд.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо ҳамкориро дар соҳаи таълим, инчунин омӯзиши касбиву техникӣ ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои тахассусӣ барои хоҷагии халқи Афғонистон муҳим арзёбӣ намуданд.
Тарафҳо масъалаи баргузор намудани Панҷумин конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA V)-ро дар Душанбе дар таърихи 26-27 марти соли 2012 ҳамоҳанг намуда, иброз доштанд, ки барои анҷоми бомуваффақияти он тамоми саъю кӯшишро ба харҷ медиҳанд.
Татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории дорои хислати минтақавӣ, аз қабили сохтмони роҳи оҳан, кашидани хати интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва лӯлаи газ аз Афғонистон ба Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳи хосаи ҷонибҳо қарор дошт. Тарафҳо ин лоиҳаҳоро барои рушди иқтисоди ҳар ду кишвар муҳим арзёбӣ намуда, аз анҷоми сохтмони хати интиқоли барқи 220-киловолтаи Сангтуда-Пули Хумрӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷиҳати густариши муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвари дӯст, ҷонибҳо таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳо дар бобати рушди тиҷорати наздисарҳадиро таъкид намуданд.
Дар рафти гуфтушунид ҳамчунин ҷонибҳо дар бораи фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Афғонистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ табодули назар карда, ҷонибдории худро аз самарабахш гардонидани кори он изҳор намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста