Душанбе. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — |Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расулро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният ва иқтисоду иҷтимоиёт баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ доир ба сохтмони роҳу пулҳои оҳану мошингард, нерўгоҳҳои барқию хатҳои интиқоли нерўи барқ, ба ҳам пайвастани шабакаҳои нақлиётию энергетикӣ ва транзитии кишварҳои минтақа зоҳир карда шуд. ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши робитаҳои дуҷонибаю минтақавӣ таъкид намуданд.
Таҳким ва рушди ҳамкории миёни ниҳодҳои қудратии ду кишвар, аз ҷумла дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, ба мисли терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин омодасозии кадрҳои низомии Афғонистон дар Тоҷикистон низ аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд.
Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба омодагӣ ба мулоқоти сарони кишварҳои «Чоргонаи Душанбе» - Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд ва оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста