Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Эълон шудани афв дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ва таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ аз ҷониби сарвари давлат амали бузург ва хайру савоб аст, - мегӯяд рӯҳонии маъруфи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.
Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала ӯ изҳор кард, ки ҳоло пурра бо матни санади мазкур шинос нашудааст, аммо аз ин амали ҳукуматдорон ҷонибдорӣ мекунад.
«Ман умедворам, ки шахсони барои афкор ва амали ҷанбаи сиёсидошта маҳкумгардида, аз ҷумла Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев низ мавриди афв қарор мегиранд», - гуфт ӯ.
Номбурда ҳамчунин бар ин назар аст, ки садҳо ҷонибдорони собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки аз ҷониби ҳукумат ба гумони содир намудани ҷиноят мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифтаанду бо ин сабаб дар хориҷи кишвар умр ба сар мебаранд, низ бояд афв шаванд.
Тӯраҷазонзода ҳамчунин нияти ҳууматдорон дар мавриди афви ҳаммаслакони полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиевро низ ҷонибдорӣ намуд.
«Чунин иқдомот танҳо ба таҳкими сулҳу субот дар кишвар мусидат менамоянд», - афзуд Тӯраҷонзода.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста