Душанбе. 1-уми август. «Азия-Плюс» — | Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамаоми мардуми кишварро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик гуфт.
Дар табрикоти сарварди давлат моҳи раҳмату мағфират, хайру саховат, моҳи омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо будани моҳи шарифи Рамазон ва дар ин моҳ аз ҷониби Худовнд нозил шудани китоби муқаддаси Қуръон зикр мегардад.
«Ба ин хотир метавон гуфт, ки Рамазон моҳи тарбияи ахлоқи ҳамида буда, зеҳну андешаи инсонро сафо ва илҳом мебахшад, дар қалбаш эҳсосоти наҷиби баробариву ваҳдати инсонҳоро бедор намуда, раҳму шафқат, меҳру муҳаббат, бародарӣ ва ҳамбастагиро парвариш медиҳад», - омадааст дар табрикнома - Моҳи шарифи Рамазон метавонад барои мову шумо, ҳамватанони азиз, моҳи хайру баракот гардад, агар дар ин давра мардуми мусулмони мамлакатамон ба аъмоли нек даст зада, дар якҷоягӣ барои оромию осудагии мардуми кишвар саъю талош варзанд».
Дар табрикот ҳамчунин гуфта мешавад, аз зумраи амалҳои нек ҳамчунин инсоф ба бародари мўъмин, дастгирии мўҳтоҷон, бахшиши гуноҳ, хайру саховат, ризқи ҳалол ва худдорӣ аз амалҳои зишт мебошад. «Тибқи фармудаи шариат, ҳар як инсон бояд аз роҳи ҳалол ризқу рўзии худро ҷустуҷў намояд, зеро луқмаи ҳалол сабаби нозил гаштани баракоти Худованд дар рўзгор ва хонадони ў мегардад. Бахусус соҳибкорону тоҷиронро зарур аст, ки дар ин моҳи муборак дари хайру саховатро боз намуда, бо эҳтиром аз имоне, ки доранд, молу маҳсулоти худро ба бародарони мўъмин арзонтар пешниҳод намоянд ва ҷўёи савоб бошанд. Зеро дар ҳамаи корҳо ва хусусан дар тиҷорат, адлу инсоф ва сидқу вафо яке аз омилҳои асосии пешравии кор аст», - зикр мегардад дар табрикот.
Дар фарҷоми табрикот сарвари давлат изҳор доштааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз тамоми шароитҳоро ҷиҳати пурраву озодона ба ҷо овардани расму оинҳои дини мубини Ислом барои мардуми шарифи Тоҷикистон, ки аксарияти куллашон муъмину мусулмонанд, фароҳам овардааст. Минбаъд низ барои қонеъ гардонидани ниёзҳои эътиқодии мардум тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда хоҳанд шуд.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста