Душанбе. 3-юми август. «Азия-Плюс» — | Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳамчунин ҷараёни баргузории ислоҳот дар бахшҳои кишоварзиву саноати минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба вилояти Суғд сафар кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар рафти сафар сарвари давлат аз шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшану Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид карда, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти ба муносибати ҷашни 20-умин солгарди истиқлол бунёдгардида иштирок хоҳад кард.
Ҳамчунин иштирок ва суханронии президенти Тоҷикистон дар маҷлиси фаъолони шаҳру навоҳии номубурда дар назар аст.
Ба қавли манбаъ, дар ҷараёни вохӯриҳои президенти кишвар бо намояндагони бахшҳои гуногуни кишоварзиву иқтисод ба масъалаи таъмини амнияти ғизоӣ, баргузории кишти такрорӣ ва рушди имконоти саноатии минтақа таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста