Душанбе. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳ ва оғози сохтмони як қатор иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон рафт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, сафари кории Сарвари давлат ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт.
Дар мавзеи Хумроғии ноҳияи Ванҷ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пули азиме дар болои рўди Панҷ, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ифтитоҳи ин пули бузург, ки панҷумин пули пайвандсози Тоҷикистону Афғонистон аст, боиси хушҳолию сипоси бепоёни мардуми ду соҳили рўди Панҷ дар ин мавзеъ гардид. Хусусан шодию нишоти мардуми деҳоти наздики Афғонистон беҳадду канор буд, зеро зиёда аз 10 ҳазор аҳолии ин гўшаи ҳамсоякишвари дўсту бародар то ин вақт умуман ба ҳеҷ самт роҳи мошингард надоштаанд.
Тавре зикр гардид, лоиҳаи бунёди ин пули азим дар асоси қарордоди сеҷонибаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Созмони рушди Оғохон татбиқ гардидааст.
Ин пул бо дарозии 216 метр дарозтарин пули овезон дар Тоҷикистон мебошад. Паҳноии он 5 метр ва иқтидори борбардориаш 30 тонна будааст. Ба иттилои масъулин, ин пул бо харҷи наздики 12 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ мардуми ноҳияи Ванҷ ва сокинони деҳоти наздисарҳадии ҷумҳурии Исломии Афғонистонро бо ифтитоҳи ин пули азим табрику таҳният гуфта, онро тўҳфаи арзанда ба истиқболи солгарди 20 – уми истиқлолияти давлатии Тоҷикистон номид.
Дар суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин зикр гардид, ки ин пули чоруми миёни Тоҷикистону Афғонистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мебошад. Таъкид гардид, ки пули Ванҷ имкон медиҳад зиёда аз 70 ҳазор аҳолии тоҷику афғон аз ду соҳили рўди Панҷ миёни ҳам робитаҳои саҳлу мустақими нақлиётию тиҷоратӣ ба роҳ монда, сатҳи зиндагии худро беҳ созанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, аз ду ҷониби пул дар хоки Тоҷикистон ва Афғонистон бозорҳои наздисарҳадӣ фаъол мегарданд. Дар ин ҷо, ҳамчунин нуқтаҳои санҷишии сарҳадбонону кормандони гумрук бунёд ёфта, бо харҷи қариб 2 миллион сомонӣ бо таҷҳизоти муосири ташхису назорат муҷаҳҳаз гардидаанд.
Лоиҳакашӣ ва сохтмони ин пули азим аз ҷониби муассисаҳои ватании Тоҷикистон сурат гирифта, дар ҷараёни он беш аз 450 нафар соҳиби кору маоши хуб буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста