Душанбе. 26-уми август. «Азия-Плюс» — Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маросими ифтитоҳи муҷассамаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Баландии муҷассама 45 метр ва паҳнойии он 5 метрро ташкил медиҳад. Ба оғози сохтмони иншооти мазкур моҳи ноябри соли гузашта президенти мамлакат ҳусни оғоз бахшида буд.
Муҷассамаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе дар паҳлӯи чапи Кохи Миллат қомат барафрохт. Дар паҳлӯи рости Кохи Миллат поягоҳи баландтарини 165-метра дар дунё бо парчами миллӣ бунёд гардид, ки маросими расмии ифтитоҳи он ахири моҳи равон баргузор мешавад.
Ахири моҳи майи соли равон амали санҷиши техникии бардоштани поягоҳи парчами миллӣ сурат гирифт. Паҳноии парчам дар фазои пойтахти Тоҷикистон 30 метр ва дарозии он 60 метрро ташкил медиҳад.
Қабл аз ин поягоҳи баландтарини парчами миллӣ дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку гузошта шуда буд, ки 162 метр баландӣ дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста