Душанбе. 26-уми август. «Азия-Плюс» — Баъди маросими супурдани санад ва нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – Пешвои асри XXI Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ Антон Караҷаро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ташкил ва густариши робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Ҳарду ҷониб ба густариши робитаҳои илмию фарҳангӣ ва ҳам иқтисодию сармоягузорӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Антон Караҷа бо ёдоварӣ аз таъриху фарҳанги бисёрҳазорсолаи миллати тоҷик ва нақши он дар тамаддуни башарӣ изҳор дошт, ки миёни сохторҳо ва шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанги Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бояд робитаҳои мунтазами судбахш ба роҳ монда шаванд.
Ҳайати бонуфузи Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ ба иштирок дар чорабиниҳои илмию фарҳангии бахшида ба Тоҷикистон, ки дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор мегарданд, аз ҷумла дар ҷашни байналмилалии Наврўз – 2012 дар шаҳри Душанбе изҳори ҳавасмандӣ карданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста