Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Йорг Фриденро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрсола ва гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба татбиқи босамари нақшаҳои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти беҳсозии идораи иқтисоди кишвар, сиёсати молиявӣ, соҳаи энергетика, пуштибонӣ аз соҳибкории хусусӣ ва ғайра зоҳир карда шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз соли равон ҳаҷми кӯмакҳои молиявии Бонки ҷаҳонӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон 25% афзуд ва минбаъд ҳар сол барои дастгирии буҷети давлатӣ ва дигар корҳо 60 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ ҷудо карда мешавад.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба рафти корҳо барои асосноксозии иқтисодӣ-техникӣ ва омӯзиши таъсири экологӣ – иҷтимоии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун ва ҳамчунин доир ба ташкили бозори минтақавии фурӯши нерўи барқ сурат гирифт.
Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба таҳким ва густариши ҳамкории судбахш таъкид намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста