Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, ки барои иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои Чоргонаи Душанбе, яъне Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.
Аз рушди босуботу босуръати ҳамкории ду кишвар, ки солҳои ахир ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Барои густариши минбаъдаи равобити судманд, рушди тиҷорати дуҷониба, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҷалби васеи соҳибкорон ва муҳайё намудани фазои мусоиди сиёсию ҳуқуқӣ ба онҳо фаъолияти бештару босамартари Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва тавсиаи заминаи қарордодию ҳуқуқӣ зарур шумурда шуд.
Ба идомаи ҳамкории судманд дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, аз ҷумла барои ба ҳам пайвастани шабакаҳои барқию нақлиётӣ ҳавасмандии ду ҷониб таъкид гардид.
Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба рушди ҳамкории судманд миёни сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар барои таҳкими муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ зоҳир карда шуд.
Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба рўзномаи мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон, Федератсияи Русия ва ҳамгироиҳои минтақавию байналмилалии ду кишвар сурат гирифт.
Баъди анҷоми мулоқот сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ ба шаҳраки дипломатии шаҳри Душанбе ташриф оварда, якҷоя бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди бинои нави Сафорати ҷумҳурии Исломии Покистон дар ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.
Сарони ду давлат зимни суханронии табрикӣ оғози сохтмони бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистонро дар яке аз беҳтарин мавзеъҳои шаҳри Душанбе нишонаи эҳтирому самимияти баланди ду ҷониб ба ҳамдигар ва воситаи рушди бештари муносиботи дўстӣ ва ҳамкории судовар арзёбӣ намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста