Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ баҳри иштирок дар ҷаласаи 10-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё, ки 10-11 октябри 2011 барпо мегардад, озими Давлати Кувайт шуд.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, баргузории 11-ум ҷаласаи ШВКХ Муколамаи ҳамкории Осиё соли 2012 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.
Муколамаи ҳамкории Осиё моҳи июни соли 2002 бо ташаббуси Таиланд оғоз ёфт, ки дар чаҳорчӯби он 1-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиё баргузор гардид. Он аз ҷониби 18 кишвари осиёӣ таъсис дода шуда, дар ҳоли ҳозир аз 31 кишвари узв иборат аст. Муколамаи ҳамкории Осиё форуми аввалини умумиосиёии хос мебошад, ки мақсади он муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, биотехнологияҳо, сайёҳӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ, ҳамкории молиявӣ ва ғайра; пешбурди вобастагии мутақобила миёни кишварҳои Осиё дар тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ; тавсеаи бозори тиҷоративу молиявӣ дар Осиё; таҳкими иродаи сиёсии ҳукуматҳои осиёӣ дар арсаи байналмилалӣ; дарёфти роҳҳои тақвияти ҳамбастагии кишварҳои Осиё ва имкониятҳо барои таҳияи усулҳои муштарак дар ҳалли масъалаҳои мухталиф; муттаҳидсозии иқтидорҳои кишварҳои Осиё ва густариши рақобати иқтисодии қитъаи Осиё дар бозори ҷаҳонӣ тавассути афзоиши максималии танаввӯъ ва бойигарии захираҳои он мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муколамаи ҳамкории Осиё 5 июни соли 2006 ҳамроҳ шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста