Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Ян Фишерро, ки дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Зуҳуров ба меҳмон дар бораи фаъолияти парламенти кишвар маълумот дода, аз стратегияи БАТР, ки ба рушди бахшҳои гуногуни иқтисоди ҷумҳурӣ равона гардидааст, пуштибонӣ кард.
«Ба туфайли қонунҳои саривақт қабулшуда, айни замон дар ҷумҳурӣ фазои мусоиди сармоягузорӣ муҳайё гардида, он сол то сол хубтар мешавад», - гуфт ӯ.
Зимни мулоқот раиси палатаи поёнии парлумони кишвар изҳори боварӣ кард, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд низ дар баробари дигар созмонҳои байнулмилалии молиявӣ метавонад дар Тоҷикистон фаъолияти худро муваффақона ба роҳ монад.
Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав ба Тоҷикистон баҳри рушди бахши хусусӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва иқтисоди миллӣ кӯмак хоҳад кард.
Дар навбати худ, Ян Фишер изҳор кард, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба парлумони Тоҷикистон дар масъалаи таҳияи қонунҳо дар соҳаҳои ҳуқуқ ва ислоҳоти низоми судӣ кӯмаки машваратӣ хоҳад расонид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста