Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Котиботи механизми «Созмони Милали Муттаҳид ва ОБ» хонум Кенза Робинсонро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матуботи сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид (СММ), пеш аз ҳама дар соҳаи об баррасӣ шуд.
Аз самараи ҳамкории пайвастаи Тоҷикистону Созмони Милал барои таъмини дастрасии васеи аҳолии сайёра ба оби тоза изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Бо пешниҳоди Тоҷикистон «Соли оби тоза» эълон шудани соли 2003, даҳсолаи «Амалиёти об барои ҳаёт» эълон гардидани солҳои 2005-2015, чун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об пазируфта шудани соли 2013 ва дар доираи ин ташаббусҳо амалӣ шудани тадбирҳои муассир дар тамоми ҷаҳон натиҷаи ин ҳамкории пурсамар маънидод гардид.
Аз ҷараён ва натиҷаҳои Конфронси байналмилалии кунунии Душанбе оид ба об низ, ки идомаи тадбирҳои қаблӣ аст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои он дар Конфронси СММ оид ба рушди устувор (РИО+20), ки дар шаҳри Рио де Жанейрои Бразилия баргузор хоҳад шуд, ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд.
Атрофи татбиқи амалии Консепсияи тадоруки чорабиниҳо барои истиқболи соли 2013, ки аз ҷониби Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардида, мавриди пазироии Котиботи механизми «Созмони Милали Муттаҳид ва ОБ» қарор дошт, гуфтугўйи судманд сурат гирифт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин пешниҳод намуд, ки Конфронси ҷамъбастии соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об (2013) дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста