Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии ИМА Евгени Румер, Келли Кивелер ва Марк Ҳенди зуҳри дирӯз меҳмони ҲНИТ буданд ва бо Саидумар Ҳусайнӣ, ҷонишини аввали раиси ҲНИТ дар мавриди таҳаввулоти кишварҳои Араб ва вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон табодули назар карданд.
Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИт хабар доданд, аз ҷониби намояндагони ИМА дар хусуси таҳавулоти кишварҳои Араб зикр гардид, ки дар васоити ахбори оммаи ҷаҳон ин таҳввулотро кори дасти ИМА мансуб медонанд, муболиғае беш нест. Ба назари онҳо, ИМА чунин қудрат надоштааст.
Чун сухан дар хусуси Ҷумҳурии Афғонистон рафт, аз мизбон суол карда шуд, ки оё бо Афғонистонро тарк кардани нерӯҳои хориҷӣ ин кишвар метавонад ҳукумати худро рӯи кор биёраду ихтилофе байни қавмҳои пашту ва форсу ӯзбак сар назанад? Зимнан Саидумар Ҳусайнӣ вуруди ИМА ва дигар кишварҳои хориҷиро ба хоки Афғонистон манфӣ арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон ӯ аз сафараш ба Афғонистон ҷиҳати ширкат дар маросими ҷанозаи Устод Раббонӣ ёдовар шуда, гуфт: охирин маротибае, ки дар Афгонистон будам, чунин бардошт намудам, ки мардуми Афгонистон, яъне намояндагони ҳама ақвом – пашту, тоҷик ва ӯзбак тарафдори якпорчагии ин кишвара буда, зидди дахолати хориҷиён ба корҳои дохилидавлатии худ ҳастанд. Дар идомаи сӯҳбат Саидумар Ҳусайнӣ фарзияҳои қисмат шудани Афғонистонро рад кард, бо такя ба он ки агар чунин як тафриқандозӣ аз ҷониби абарқудратҳо пиёда нашавад.
Ба қавли ӯ, ҳар кишваре ки мехоҳад ба Афғонистон дасти кӯмак дароз кунад, бояд холисона амал намояд, на ин ки ҳадафҳои сиёсии худро дар он ҷо пиёда кунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста