Изҳороти президенти Белорус Александр Лукашенко бобати мувофиқи мақсад будани ҳайати Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро тарк гуфтани Ӯзбекистон ҳеҷ аҳамияте надошта, ба сафари ӯ ба Тоҷикистон робита надорад, - гуфт дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшиноси мустақил Рустам Ҳайдаров.
Номбурда ба ин назар аст, ки ин изҳорот шояд бештар ба мустақар гардидани нерӯҳои низомии ИМА дар Ӯзбекистон вобаста бошад. «Аз ҳайати СААД хориҷ шудан ё шомил будани Ӯзбекистон ба он, дар муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳеҷ тағйиротеро ба вуқӯъ нахоҳад пайваст. Тамоми мушкилоти мавҷуда ҳамин тавр ҳалношуда боқӣ хоҳанд монд», - мегӯяд Ҳайдаров.
Дар идома сиёсатшинос изҳор кард, ки чун нерӯҳои низомии ИМА дар Ӯзбекистон ҷойгир шаванд, Тошканди расмӣ худаш ба хориҷ шудан аз СААД ташаббус нишон хоҳад дод.
«Дар минтақа Ӯзбекистон ягона кишварест, ки ИМА дар масъалаи мустақар сохтани нерӯҳои низомии худ метавонанд ба он такя намоянд ё эътимод дошта бошанд. Ман мӯътақидам, ки масъалаи дар Ӯзбекистон ҷойгир кардани нерӯҳои низомии ИМА аз ҷониби мақомоти раҳбарии кишвари ҳамсоя ба таври мусбат ҳал карда шудааст. Ин маънои онро дорад, ки идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон ояндаи наздик бо хулосаи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, ки таҳти назорати ИМА қарор доранд, пурра қатъ карда мешавад», - афзуд Ҳайдаров.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста