Шоми имрӯз президенти Белорус Александр Лукашенко бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Белорус Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко, ки рӯзи 28-уми октябр ба нақша гирифта шудааст, ҷонибҳо масоили таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиро баррасӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи натоиҷи гутфушунидҳо дар сатҳи олӣ имзои 10 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла Созишнома дар бораи ҳамкории дарозмӯҳлати Тоҷикистону Белорус барои солҳои 2011-2020, Барномаи ҳамкории иқтисодӣ миёни кишварҳо барои солҳои 2011-2020 ва ҳамчунин як қатор асноди байниҳукуматӣ дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол, қабл аз сафари худ ба Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе Александр Лукашенко дар вохӯрӣ бо раисони парлумонҳои кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар шаҳри Минск ба кишварҳои узви иттиҳод пешниҳод кард, ки ҳузури минбаъдаи Ӯзбекистон дар ин иттиҳод бояд дубора бознигарӣ шавад.
ВАО-и интернетӣ менависанд, президенти Белорус гуфтааст, Ӯзбекистон бозии сеҷониба дорад ва ин омил имкон намедиҳад, ки ӯ дар ҳайати СААД бошад. «Ман мавқеъи худро ба президенти Русия изҳор кардам ва мо бояд нисбат ба Ӯзбекистон ба як қароре оем», - гуфтааст А. Лукашенко.
Президенти Белорус қайд кардааст, ки Ӯзбекистон аз замони узвият дар СААД ягон ҳуҷҷати ҷиддиро ба тасвиб нарасонидааст ва агар дар ҳайати он боқӣ монданӣ бошад, пас бояд тартиботу муқаррароти онро риоя кунад.
Ёдрас мекунем, ки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15-уми майи соли 1992 таъсис ёфта, давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви он мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста