Шоми дирӯз президенти Белорус Александр Лукашенко бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф овард.
Дар фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва дигар шахсони расмии ҷумҳурӣ истиқбол намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, нимаи дуюми имрӯз дар қароргоҳи давлатии «Кохи миллат» гуфтушуниди бевоситаи танҳо сарони кишварҳои Тоҷикистону Белорус ё ба истилоҳ сӯҳбати «як ба як»-и Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко доир мегардад. Дар ҷараёни мулоқот баррасии масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ дар назар аст. Сипас гуфтушуниди ҳайатҳои васеъи ҷонибҳо ба нақша гирифта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи натоиҷи гутфушунидҳо дар сатҳи олӣ имзои 10 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла Созишнома дар бораи ҳамкории дарозмӯҳлати Тоҷикистону Белорус барои солҳои 2011-2020, Барномаи ҳамкории иқтисодӣ миёни кишварҳо барои солҳои 2011-2020 ва ҳамчунин як қатор асноди байниҳукуматӣ дар назар аст.
Пагоҳ вохӯрии президенти Белорус бо раиси палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров доир мегардад. Худи ҳамин рӯз Александр Лукашенко ҳамчунин бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осиӣ низ мулоқот хоҳад орост.
Нимаи дуюми рӯзи 29-уми октябр Александр Лукашенко озими шаҳри Минск мешавад.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Белорус зиёда аз 52,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 47,7% бештар аст. Аз Тоҷикистон ба Белорус ба маблағи 9,7 млн. доллари ИМА маҳсулот фиристода шудааст, ки асосан нахи пахта мебошад. Ҳаҷми маҳсулоти аз Белорус ба Тоҷикистон воридшуда ҳудуди 43,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста