Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, намояндаи мардумӣ дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ бо даъвати Алиакбар Вилоятӣ, Дабири кулли Созмони байналмиллалии «Бедории исломӣ» ба Техрон сафар намуда, бо Алиакбар Вилоятӣ гуфтушунид кард.
Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрон конфронси аввали бедории исломӣ бо ширкати бештар аз 800 андешаманд ва сиёсатмадори ҷаҳони ислом баргузор гашта буд, ки Теҳрон мақарри ин созмон ва Вилоятӣ Дабири кулли он интихоб шуданд. Раҳбари ҲНИТ ҳам дар шӯрои марказии ин созмон узвият дорад.
Тавре аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, дар вохӯрии раиси ҲНИТ бо Алиакбар Вилоятӣ масоили гуногуни марбут ба фаъолияти минбаъдаи созмон ва истифодаи имконоту потенсиали ин созмони байналмиллалии ғайриҳукуматӣ ба нафъи миллатҳо ва кишварҳо баррасӣ гашт. Тарафҳо ба хулоса омаданд, ки намояндагони ҲНИТ ва дигар созмонҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар фаъолияти сохторҳои гуногуни Созмони «Бедории исломӣ» ширкати фаъол дошта бошанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста