Дар чаҳорчӯби сафари кории Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба Истамбул мулоқоти ӯ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Гидо Вестервелле баргузор гардид.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ вазъ ва дурнамои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногун мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ба ақидаи ягона омаданд, ки иқтидори мавҷуда барои ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Олмон то охир истифода нашудааст, аз ин лиҳоз ҷаҳду талош баҳри ҳамкории бештар судманди миёни ду кишвар зарур аст.
Қайд карда шуд, ки барои такон бахшидан ба муносиботи дуҷониба дар оянда боздидҳои ҳайатҳо дар сатҳи баланд ба Тоҷикистон ва Олмон сурат хоҳанд гирифт.
Мусоҳибон ба ҳамкории ҳарду кишвар дар ҳошияи созмонҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ оид ба Афғонистон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳамтои худ дар бораи омодагӣ ба Панҷумин Конфронси ҳамкории минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA), ки моҳи марти соли 2012 дар Душанбе доир мешавад, маълумот дод.
Дар рафти сӯҳбат вазирони корҳои хориҷӣ масъалаҳои Конфронс оид ба Афғонистонро, ки баргузории он оғози моҳи декабри соли равон дар Бонн ба нақша гирифта шудааст, матраҳ намуданд. Дар ин робита, Вазир Ҳ. Зарифӣ дар навбати худ иштироки ҳайати Тоҷикистонро дар он чорабинии басо муҳим барои минтақа тасдиқ кард.
Гидо Вестервелле аҳамияти пайвастани Тоҷикистонро ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо таъкид сохта, ба ҳамсӯҳбати худ итминон дод, ки Олмон ба дохилшавии ҳарчи зудтари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС ҳаматарафа мусоидат хоҳад намуд.
Дар мулоқот ҳамчунин дурнамои татбиқи лоиҳаи “Шоҳроҳи Нави Абрешим” баррасӣ гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста