Бо қарори Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Анҷумани навбатии 12-уми ин ҳизб санаи 26-уми ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров хабар дод, дар рӯзномаи анҷумани ҳизб баррасии масъалаҳои ҳисоботи Шӯрои сиёсии ҲСДТ дар давраи аз соли 2007 то соли 2011 ва ҳисоботи комиссияи назоратии ҳизб дар назар аст. Ғайр аз ин, дар анҷуман Оинномаи ҳизб дар таҳрири нав баррасӣ ва қабул гардида, дар сохтор ва фаъолияти ҳизб тағйирот ворид мегарданд. Ҳамчунин интихоби ҳайати нави мақомоти раҳбарии ҳизб сурат мегирад.
Вакилони анҷумани ҲСДТ вазифаҳои асосӣ ва барномаи фаъолияти ҳизб дар давраи аз соли 2011 то соли 2015-ро муайян хоҳанд кард.
ҲСДТ дар Вазорати адлияи ҶТ аз санаи 18-уми мари соли 1998 сабти ном шудааст. Шумори аъзои ҲСДТ 7 ҳазору 700 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро ташкил медиҳад. ҲСДТ ҳизби мухолиф ба ҳукумати кунии ҷумҳурӣ арзёбӣ мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста