Дар изҳороти пахшнамудаи Вазорати корҳои хориҷии Эстония зикр мегардад, ки вазорати мазкур дар ҳамдастӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва Русия пайи ҷустуҷӯйи қарори қобили қабул оид ба халабонони дар Тоҷикистон маҳкумшуда аст.
Бино ба маълумоти хабаргузории РИА «Новости», дар изҳорти Вазорати умури хориҷии Эстония гуфта мешавад, дар сурати мавҷуд будани созишномаи дахлдор миёни кишварҳо, шаҳрвандони Эстония ба адои мӯҳлати ҷазо дар маҳбаси Эстония ҳуқуқ доранд.
«Ҷараёни баимзорасии чунин созишнома миёни Эстонияву Тоҷикистон соли 2009 оғоз гардида, мо бо ҳукуматдорони Тоҷикистон бобати ҳарчи зудтар ба тасвиб расидани он ҳамеша дар тамосем», - омадааст дар изҳорот.
Дар ҳамин ҳол, бо такя ба хабари телевизиони Эстония, ВАО-и Русия иттилоъ медиҳанд, ки модари халабон Алексей Руденкои 78-сола аз он изҳор нигаронӣ кардааст, ки дигар ба дидори фарзандаш расида наметавонад.
Ёдрас мекунем, ки додгоҳи Қӯрғонтеппа ду халабони ширкати «Ролкан Инвестмент ЛТД» - шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро ба даҳуним соли зиндон маҳкум карда, бо истифода аз қонуни афви Тоҷикистон, мӯҳлати ҷазои онҳоро ду солӣ кам – то ҳаштунимсолӣ таъин кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста