Дар сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия перомуни ҳукми содиршуда нисбат ба шаҳрванди Русия В. Садовничий шарҳу тафсир интишор гардид.
«Ҳукми содиршудаи додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нисбат ба шаҳрванди Русия В.В. Садовничий ва шаҳрванди Эстония А.С. Руденкоро, ки мутобиқи қарордод бо фирмаи амрикоии «Суприм Фуд» дар ҳавопаймоҳои ширкати «Ролкан» ба кашонидани борҳои ғайринизомӣ барои нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон машғули кор буданд, басо сангин ва дорои ангезаи сиёсӣ мешуморем», - гуфта мешавад дар шарҳ.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки ҷониби айбдоркунанда ҳеҷ як далели мӯътамади исботи айби онҳоро пешниҳод карда натавониста, хулосаи айбнома моҳиятан ба тахмину фарзияҳо асос ёфтааст.
«Тоҷикистон ошкоро меъёрҳои байнулмилалиро риоя накарда, ҳамчунин маълум нест, ки нисбат ба ҳавопаймоҳои боздоштшуда чӣ гуна амалеро пеш мегирад», - омадааст дар шарҳ.
Дар шарҳ ҳамчунин гуфта мешавад, чунин тасмим ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва шариконаи стратегии ду кишвар халали ҷиддӣ ворид месозад. «Ҳукумати Русия расонидани кумаки зарурӣ ба ҳамватанонро идома медиҳад», - зикр мегардад дар анҷом.
Ёдрас мекунем, ки додгоҳи Қӯрғонтеппа ду халабони ширкати «Ролкан Инвестмент ЛТД» - шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро ба даҳуним соли зиндон маҳкум карда, бо истифода аз қонуни афви Тоҷикистон, мӯҳлати ҷазои онҳоро ду солӣ кам – то ҳаштунимсолӣ таъин кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста