Чанде қабл гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул баргузор гардид.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорат корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, вазъ дар минтақа, ҳамкории ҳарду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро муҳокима карданд.
Ба иттилои манбаъ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд намуд, ки кишвари ӯ ба ҳамкории густурда бо Афғонистон дар ҳалли мушкилоти минтақавӣ аҳамияти махсус медиҳад. Дар ин робита ба наздикӣ Намояндаи вижаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Афғонистон ва Покистон таъин шуд, ки ин амр минбаъд ба ҳамкории боз ҳам созанда мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин Вазир Ҳ. Зарифӣ аз ҳамтои афғони худ хоҳиш намуд, ки ба масъалаи истирдоди маҳкумшудагони тоҷики дар ҳабсхонаҳои Афғонистон қарордошта суръат бахшида шавад. Дар навбати худ, Залмай Расул иттилоъ дод, ки масъалаи мазкур мавриди баррасии роҳбарияти Афғонистон қарор дошта, имкон аст, ки дар мӯҳлати наздик яке аз маҳкумшудагон Яков Тсой ба Тоҷикистон баргардонида шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста