Чанде қабл мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Муовини вазири корҳои хориҷии Покистон Аламгир Бабар доир гардид.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳангоми сӯҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон дар соли 2012 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, А. Бабар иброз дошт, ки ҳарду кишвар барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд имкониятҳои ниҳоят фаровон доранд ва бояд дар соли оянда тамоми кӯшиш ба ин самт равона гардад.
Дар идомаи сӯҳбат ҷонибҳо дар мавзӯи ҷудо намудани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик, тақвияти ҳамкориҳои миёни сохторҳои қудратӣ, ташкили хати парвози мустақим миёни шаҳрҳои Душанбе ва Исломобод табодули назар карданд.
Ҷонибҳо инчунин ҷоннок намудани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва дар охири соли 2012 дар Исломобод созмон додани ҷаласаи кории онро мувофиқи мақсад донистанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста