Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиасғари Шеърдӯстро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз департмаенти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои энергетика, иқтисод, маориф ва фарҳанг, аз ҷумла, ба анҷом расонидани сохтмони нақби мошингузари «Истиқлол» дар ағбаи Анзоб, суръат бахшидан ба корҳои сохтмонии Нерӯгоҳи барқӣ-обии Сангтӯда-2 мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Мусоҳибон ҳамчунин масъалаи омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯзро, ки моҳи марти соли 2012 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, баррасӣ намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот сафири Эрон ба вазир нусхаҳо аз силсилакитобҳои «Баёзи адабиёт»-ро тақдим кард, ки ба наздикӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба чоп расидаанд. А. Шеърдӯст хабар дод, ки китобҳои мазкур ба теъдоди 200 ҳазор нусха аз чоп баромада, барои синфҳои 8, 9, 10 ва 11 мактабҳои маълумоти ҳамагонӣ пешбинӣ гардидаанд ва дар рӯзҳои наздик ба Вазорати маорифи Тоҷикистон супорида хоҳанд шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста