Зимни суханронӣ дар конфронс оид ба Афғонистон дар шаҳри Бонн вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мувофиқи мақсад будани сохтмони шабакаи нерӯгоҳҳои обӣ-барқиро дар Тоҷикистон дар болооби дарёҳои Амударё ва Панҷ бо сарбандҳо барои ҷамъоварии захираҳои обӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар Афғонистон тасдиқ намуд.
«Тоҷикистон аз он бармеояд, ки барои тағйироти қатъии вазъ дар Афғонистон аввалан ба ҷалби ин кишвар дар ҳамкории минтақавӣ аз тариқи татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ки минтақаро бо роҳҳои оҳан ва мошингард, хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи CASA-1000, қубурҳои газ, ҳамчунин дигар коммуникатсияҳо мепайвандад, диққат додан лозим аст», - гуфт вазири корҳои хориҷии ҶТ.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар идома Ҳ.Зарифӣ таъкид сохт, ки зарур аст, то ба инкишофи зарфияти инсонии Афғонистон тавассути боло бардоштани сатҳи маориф таваҷҷӯҳ равона гардад. «Тоҷикистон ба омодасозии мутахассисон барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва эҳтиёҷоти шаҳрвандии Афғонистон саҳми фаъол мегузорад. Тоҷикистон ҳамчунин сохтани маркази бисёрсоҳаи таҳсилоти касбӣ-техникиро дар ҳудуди Тоҷикистон иқдом мекунад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват месозад, то барои татбиқи ин тарҳ мусоидат намоянд», - иброз дошт Ҳ.Зарифӣ.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки масъалаи ҷалби хоҷагидорони афғонро ба барномаҳои кишоварзӣ баҳри иваз кардани зироати нашъаовар ба кишти «безарар» муҳим аст. «Вобаста ба ин, пешниҳод дорем ба Афғонистон хусусан барои ҳалли таъмини захираҳои обӣ ва барқарорсозии низоми обёрӣ кӯмак расонида шавад. Мо мувофиқи мақсад будани сохтмони шабакаи нерӯгоҳҳои обӣ-барқиро дар Тоҷикистон дар болооби дарёҳои Амударё ва Панҷ бо сарбандҳо барои ҷамъоварии захираҳои обӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар Афғонистон тасдиқ менамоем», - илова кард номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста