Бо як қатор суханрониҳои интиқодӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, феълан номзад ба вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Сӯҳроб Шарифов табъи гурӯҳҳои муайянеро хира кард ва аз ин рӯ, қарор шуд, ки ӯро ба «бадарғаи ифтихорӣ» ба парлумон фиристанд.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» рӯзноманигори шинохта ва сиёсатшиноси тоҷик Нуралӣ Давлат чунин ибрози андеша намуда, изҳор кард, ки ба пирӯзии С.Шарифов дар интихобот, ки рӯзи 18-уми декабр баргузор мешаванд, ҳеҷ шакку шубҳае надорад.
Ба ақидаи ӯ, тайи соли ахир дар изҳороти зиёди худ С.Шарифов нишон дод, ки ӯ нисбат ба ҳалли мушкилот назари мустақили хешро дорад. «Ӯ мансабталош нест, ки ба ҳамаи чиз чашмонашро пӯшаду худро нодида гирад», - гуфт ӯ.
Н.Давлат мӯътақид аст, ки ба ивази Шарифов шахсе сари мансаб хоҳад омад, ки ӯро дарҳол ба «на мисли роҳбари пешин, балки ба тарзи дигар рафтор намудан» ҳушдор хоҳанд дод.
«Ба ивази ӯ шояд сиёсатшинос Рустам Ҳайдаров ё директори пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи улуми ҶТ Абдувоҳид Шамолов ва ё каси дигар сари мансаб ояд», - тахмин мекунад вай.
Ӯ ҳамчунин бар ин назар аст, ки дар ҳукумати Тоҷикистон мақом ва нақши Маркази тадқиқоти стратегиро ба хубӣ дарк намекунанд, зеро дарк намекунанд, ки умуман илм, бахусус иқтисоду стратегияи ҷаҳонӣ дар замони муосир барои чӣ зарур аст.
«МТС барои ҳукумат бояд «маркази ақлонӣ»-е мешуд, ки дар он ҳайати шахсии зиёди олимон бо музди меҳнати арзанда ифои вазифа мекарданд. Аз ин рӯ ба назарам, Маркази мазкур дар Тоҷикистон ба хотири фиреби назар вуҷуд дорад, ҳарчанд дар он кормандони болаёқату арзанда машғули коранд», - афзуд коршинос.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста