Чанде қабл раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ сафири Белгия дар Тоҷикистон ҷаноби Даниел Бертронро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, зимни сӯҳбат вазъи имрӯзаи кишвар ва минтақа, Афғонистон пас аз берун рафтани нерӯҳои НАТО, авлавиятҳои ҲНИТ дар марҳалаи кунунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Муҳиддин Кабирӣ вазъи кишварро ором ва муътадил арзёбӣ намуда, мушкилоти мавҷударо қобили ҳал донист.
«Аз ҷумла қайд шуд, ки камтарин ҳаракати ноҷо метавонад боиси бузург нишон додан ва суйистифода аз тарафи нерӯҳои бегона ва фурсатталаб бошад, ки сулҳу оромиш ва ваҳдати миллии мо ба нафъашон нест. Авлавияти ҲНИТ ҳам дар ҳифзи суббот ва пешгирии ҳамагуна фитна дар заминаи ихтилофоти сиёсӣ ва мазҳабӣ мебошад», - иброз доштан дар қароргоҳи ҲНИТ.
Ба иттилои манбаъ, сафири Белгия ҷаноби Даниел Бертрон Қайд намуд, ки кишвари Белгия дар минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатҳои зиёди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ надорад, вале барои ин кишвар амнияту суббот ва риояи ҳӯқуқ ва озодиҳои мардуми ин минтақа аз авлавиятҳо маҳсуб мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста